Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Сад афсӯс, ки Мунавваршо ин орзую ормонашро ба хок бурд. Ӯ дили беқарор дошт, ҳамеша дар сафар буд.
(Расмҳои ӯ паси ҳам дар навор)
Вай ба ҳайси раиси комиссияи давлатӣ оид ба ҳодисаҳои фавқулоддаи табиат, ҳамеша дилаш дар такопӯ буд, гоҳ ба Хатлону гоҳ ба Зарафшон, гоҳ ба Бадахшону гоҳ ба Ҳисори Шодмон сафар мекард, хуллас доимо дар андешаи он буд, ки ягон оилаи тоҷик осебе набинад.
(Расми Набиев Р.)
Ёд дорам, шодравон Раҳмон Набиев ҳини сарварии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурӣ буданаш дар як ҷаласаи бонуфуз дар шаҳри Қӯрғонтеппа, ки Мунавваршо он вақт ба ҳайси котиби ҳизбии вилоят адои вазифа мекард, гуфта буд:
-
Агар мисли Мунавваршо Назриев роҳбарҳои бисёртар медоштем, Ҷумҳурии мо гул-гул мешукуфт... Таҳти роҳбарии ӯ дар Бешкент пункти нави пахтақабулкунӣ ду моҳ пеш аз мӯҳлат сохта ба истифода дода шуд... Ҳамон вақт як коргар ба мухбири телевизион вохӯрда чунин гуфта буд: - Назриев марди бисёр серталаб аст, на шаб хоб дораду на рӯз. Қандаша занад, барои коргар ҷонаша фидо мекунад. Барои мо тамоми шароитҳоро фароҳам овард. Роҳбар бояд ҳамин хел бошад. Мо коргарон аз ӯ ниҳоят розием...
-
Мард дар зиндагӣ аз худ се нишона бояд боқӣ гузорад, - мегуфт Мунавваршо. - Дарахте сабз кунад, иморате бисозад ва ё фарзандеро тарбия карда ба воя бирасонад...
Оре, ӯ ба тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурӣ баҳри амалӣ гардидани ин мақсадаш сафар мекард. Алалхусус дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа даҳҳо иншоотҳои истеҳсолию биноҳои маъмурӣ, маданию истиқоматӣ нишона аз роҳбарию кордонии Мунавваршо Назриев боқӣ мондаанд.
Солҳои 80-ум Мунавваршо Назриев вазифаи раиси ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппаро ба уҳда дошт. Боре ба ӯ супорише шуд, ки ҳамчун намояндаи халқ бояд дар Сессияи Шӯрои Олии Тоҷикистон баромаД кунад. Матни баромадаш ба забони русӣ буд. Лекин ӯ мехост, ки баромадаш ба забони тоҷикӣ бошад. Матнро дар куҷое ба забони тоҷикӣ тарҷума карда овард ва ба ман дод, ки бихонаму таҳрираш кунам. Хондам, забони матнаш хуб тарҷума шуда буд. — Нағз аст, мешавад, — гуфтам ба ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё