Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

кард, аз 750 то 1200 донагӣ доштанд ва баъд аз Қадриддин Забирович пурсид: — Аз ҳар гектар чанд сентнерӣ ҳосил мешавад?

— Тибқи ҳисоби ман 72 сентнерӣ, — гуфт Қадриддин ба Ҷаббор Расулов.

— Не, аз рӯи ҳисоби ман аз ҳар гектар 75 сентнерӣ ҳосил мешавад, — гуфт Ҷаббор Расулов.

— Ҷаббор Расулович, ин дон ташхиси лабораторӣ мегузарад, хушк мешавад, хушк ки шуд, сабук мешавад ва ба ақидаи ман аз ҳар гектар 72 сентнерӣ зиёд намешавад.

Ҷаббор Расулович ба фикри Қадриддин Ғиёсов розӣ шуда, ба кифти ӯ тап-тап зада: «Офарин, ту бидуни он зироаткориро хуб медонӣ, боз олими нағз ҳам будаӣ! Охир, ту деҳқонзодаӣ».

Ҷаббор Расулов аз ҳамон сутаҳои калони ҷуворӣ яктоашро ҳамроҳаш гирифта, гуфт, ки пагоҳ дар маҷлис роҳбарони ҳизбию хоҷагии вилояти Қӯрғонтеппа ба он мутахассисоне, ки «дар шароити обу замини водии Вахш ҳосили баланди ҷуворимакка рӯёнидан мумкин нест», — гуфта гаштаанд, нишон дода мегӯям, ки мумкин будааст-ку!

Ҷаббор Расулович дар мошинаш нишаста 15–20 метр роҳ рафту мошинро боздошта, аз он фаромада Қадриддинро ба наздаш даъват кард:

— Дари мошинро кушода, дар пеш, дар паҳлӯи ман биншин.

Қадриддин Забирович дар паҳлӯи Ҷаббор Расулович нишаст, азбаски дар қафо Ковалу Паллаев менишастанд, вай худро каме ноҳинҷор ҳис мекард. Ҷаббор Расулович каме хандида ба Қадриддин гуфт: — Дар паҳлӯи котиби якум нишастан чӣ маъно дорад?!

Қадриддин худашро каме гум карда, баъд ҷавобашро дод: — Ҳосили зиёд додан лозим!

Ҷаббор Расулович ӯро каме ислоҳ карда: — Ҳосили зиёд — ин гапи умумист. Дар пеш нишастан ин маънои онро дорад, ки ҳамин сол аз ҳар гектар 2 сентнерӣ ҳосили иловагӣ медиҳӣ, мешавад?!

— Ҳатман мешавад, — гуфт Қадриддин Ғиёсов ба Ҷаббор Расулович. Баъд Ҷаббор Расулович аз Қадриддин Забирович пурсид, ки аз ман чӣ ёрдам лозим?

пешина
аз 173
навбатӣ