Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Вячеслав Отзович, сармеханик Роберт Фокт аз хурсандиашон якдигарро ба оғӯш кашида мебӯсиданд. Дар ҷамъоварии якуми мошинӣ аз ҳар як гектар 23 сентнерӣ ҳосил рӯёнидан ин ҳосили ниҳоят баланд буд...
Баъди ду соли сарагрономиаш Қадриддин Ғиёсовро соли 1970 муовини раиси колхоз ва котиби ташкилоти ҳизбӣ интихоб шуд. Колхоз дорои чор участкаи калон: «Озодии Шарқ», «Ленин-юли», «Ленин» ва «Коминтерн» буд, ки пеш ҳар кадоми онҳо як колхози алоҳида буданд. Аъзоёни ташкилоти ҳизбии колхоз низ хеле зиёд буданд. Акнун ба Қадриддин Ғиёсов лозим меомад, ки боз ин соҳаи барои ӯ начандон шиносро омӯзад, азхуд кунад, онро боло бардорад. Ҳамаи шипангҳоро бо шиору плакатҳо оро дод, гӯшаи сурх ташкил намуд, онро бо ҳар гуна адабиёти соҳавӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо таъмин намуд. Корҳои ташвиқотию тарғиботиро дар колхоз нағз ба роҳ монд.
Рӯзи тобистон буд. Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов омад. Вай майдонҳои пахтаро аз назар гузаронида баъд ба Қадриддин Ғиёсов саволу ҷавоб кард ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки «Гӯшаи сурх»-и колхозро ба вай нишон диҳад. Ҷаббор Расулов аз дидани «Гӯшаи сурх» низ хушнуд шуда, ба Қадриддин офарин гуфт ва илова кард: - Исто, ки ту писари кадом Ғиёсӣ? Падарат чӣ кор мекард?
-
Ғиёси Забир, солҳои пеш раиси ҳамин колхоз буд, - гуфт дар ҷавоб Қадриддин.
-
Э, ҳа! Ман падари туро нағз мешинохтам, ҷӯра ҳам будем. Вай дар ободонии водии Вахш ҳиссаи бузург дорад.
Вақте ки маро ба Того сафир таъин карданд, ҳашт нафар рафиқонам ба гусели ман баромаданд, яке аз онҳо падари ту буд. Лекин вақте ки маро аз Того ба вазифаи котиби якуми Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон таъин карданд, дар қатори халқи оддӣ садҳо нафар зиёиён ба истиқболам баромада буданд, ман мефаҳмидам, ки аксари онҳо мансабталаб буданд. Падари ту ҳам дар қатори онҳо баромада буд, вале на барои мансаб. Ӯ бо ман муносибати дӯстона дошт. Ҷаббор Расулов бисёр инсони одамшинос ва дурандеш буд. Хотираи инсони ҳақиқӣ ҳамеша дар дилу дидаи кас боқӣ мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё