Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
аст, ки истеъдодҳо ба чунин сарварон ягон нафрату кинае надоранд. Ҳошим Гадо худро беҳуда ғамгин машав. Шояд чунин муносибат дар зиндагии имрӯза зарур бошад? Шояд офаридгор аз рӯзи азал чунин хоста бошад. Шояд худро ба ин суханҳо ором бисозам ва пайи кори хеш шавам.
Инсон аҷоиб як хислати дигаре низ доштааст. Аз худ болоро, қавиирода, пурқувватро дида наметавонистааст. Пас... Агар хоҳӣ, ки дар ҷамъият рӯз бибарӣ худро назди роҳбарат пасттар, бечоратар нишон бидеҳ. Фикрҳои худро ба ҳуҷаинат тавре фаҳмон, ки ӯ гумон кунад, ки худ ин фикрро кардааст. Ин ҳолат роҳатро кушода ва соҳиби мансабат мегардонад. Ин муносибатҳо дар тамоми асрҳо миёни одамон будаанд ва давом хоҳад кард.
Ба пеш! Ҳарчӣ бодо бод!
Чӣ ғами беҳуда мехӯрӣ? Аз ту пештар миллиону миллиардҳо омаданду рафтанд ва маънияшро дарк накарданд. Таваккал ба Худои меҳрубон кун ва бо қувват қадам бигзор. Осмонро умре абр соҳибӣ карда наметавонад. Рӯзе офтоб мебарояд ва ҳамаро равшан хоҳад намуд.
Мехоҳӣ душманат аз асрорат хабар наёбад?
Пас... Асроратро натанҳо ба дигарон, ҳатто ба худат магӯй. Чун гуфтӣ, дон, ки ҳама хабар ёфтанд.
Дунё тӯли асрҳо чаро вуҷуд дорад?
Чунки дунё хомӯш аст ва ба ситораву офтоб ва моҳ сирашро намегӯяд. Агар одамон чун замин муносибат кунанд, бурд хоҳанд намуд.
На дӯст бидор ва на бадаш бибин.
Аввал шуда сухан магӯй.
Ба ҳарфҳои мардум зуд бовар мабанд.
Фикри одамон ҳар дақиқа тағйир меёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё