Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Чун шунидӣ бовар макун. Аввал бисанҷ, баъд хулоса барор, ки қабул намоӣ ё на.

Чун дар гӯшҳоят тӯпа овехта гарангат карданд бовар макун ва ақлатро кор фармо.

Фарзандро бо эркагӣ тарбия макун. Агар бахташ бошад дар об ҳам партоӣ ба соҳили мурод мерасад.

Оҳ, хммм... Пирӣ, пирӣ боз ҳам пирӣ пириро танҳо пирон медонанд, ки он чист. То пириро аз сар нагузаронӣ ба қадраш намерасӣ. Ҷавонон кай донанд, ки пирӣ чист. Пирӣ нишонаҳои худро дорад.

  1. Агар танат дардманд шуд, дон, ки пир шудаӣ. Чашмонат хира, мӯят сафед, танат бемадор шуд дон, ки пир шудаӣ. Пирӣ ба мӯйсафедон бо роҳҳои гуногун меояд, аммо Худо аз чунин пирӣ нигоҳ дорад:
  2. Пирии бесоҳиб 2) Пирии камбағал 3) Пирии ақлбохтагӣ

Худоё дар қатори дигарон маро низ нигоҳбон бош! То ҷон дар бадан дорам ғамҳоямро хӯр ва фаромӯшам макун. Танҳоям нагузор, зеро пирӣ ҳамдаму ҳамроз мехоҳад. Фикри зиёд ба сар меояд ва аз танҳоӣ қалам ба даст мегирам. Эй ҷавони хуни дар ҷӯш ҳушёр бош, ки пирӣ низ туро интизор аст. Фарқи ин ду фасл дар он аст, ки ҷавониро умед ва пириро марг интизор аст. Рӯзи марг беҳтар аз рӯзи таваллуд шудан аст.

Чунон бигӯй, ки шунаванда дарқат карда тавонад.

Ба оне, ки намебинадат умуман ҳарфе нагӯй.

Хомӯш бош то туро бубинам.

Зан+мард=Аксарияти вақтҳо байни ин ду офарида баҳсҳо давом мекунанд. Кадомин ғолиб меомада бошад, касе намедонад.

Худованд бандаи гумномашро бештар дӯст медорад.

Ҳар кас ҳуқуқи гуфтани андешаи худро дорад.

пешина
аз 213
навбатӣ