Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Оне, ки дардаш баланд аст ботинаш пур аз ғаму ҳарф аст.

Одамизод аҷиб сохта шудааст, ки худро надида айби дигаронро меҷӯяд.

Байни абрувони дигарон хасҷаеро мебинанд, аммо агар байни қошони худ кунда бошад гӯё куранд. Айби дигаронро дидан хумор шудааст ва айби худро нодида гирифтан «беҳтарин» хислати одами наст.

Агар бар сарат мушкилии дунё ояд ҳам рӯҳафтода машав ва панди Ҳошим Гадоро бишнав:

  1. Аввало саросема нашуда фикр бикун, ки чӣ хатое аз ту сар задааст. Камбудиятро ҷӯё шав баъдан амал намо.
  2. Бо чӣ асос ва дар кадом ҳолат ин воқеа рух додааст.
  3. Бубин, ки атрофиён, наздикон чӣ андеша доранд ва то чӣ андоза ба гуфтаҳои онҳо розӣ ҳастӣ ҳамаи гуфтаҳоро баркаш баъд фикри дақиқи худро бароварда амал намо. Аввало онҳоро бубахш, аммо чун дидӣ, ки намешавад тавре бифристашон, ки 7 пушти гузаштаашон туро фаромӯш накунанд.

Ман ҳар дақиқа аз худ то ба дигаронро меомӯзам ва ба хулосае омадам, ки инсоният аҷоиб хислате дорад. Масалан мебинӣ, ки ҳама дӯстанд, аммо чун бар сари нафаре мусибат меояд худро тавре вонамуд мекунанд, ки гӯё ғамноканд. Дар ҳақоният бошад аз шодӣ дар худ намегунҷанд.

Маъшуқа бо маъшуқаш эрод гирифта гуфт:

  • Ту ақлатро бохтай?
  • Ақли маро кайҳо ту рабудай.

Ишқ маризӣ аст. Ҳама маризиҳо табобатшавандаанд ба ҷуз ишқ. Ошиқро маъшуқааш, бӯи маъшуқааш онро раҳои бахшида метавонад.

Сарватмандон гумон мекунанд, ки бояд ҳамеша иззат бубинанд. Кӯшиш менамоянд, ки ин шуҳратро аз даст надиҳанд. Ба ҷойи дастгирии истеъдодҳо кӯшиш менамоянд, ки бинии истеъдодҳоро то тавонашон поин фароранд. Аҷиб ин

пешина
аз 213
навбатӣ