Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
- Рақибат ғолиб омад ғамгин нашав рӯзе хандидан насиби туст.
Ман ҳам аз дасти рақибон зулми зиёд мебинам, аммо таваккал ба Худо карда тоқат мекунам.
Дар хонаат чизи зиёдатие бошад ба дигарон бидеҳ. Шояд он зарурӣ касе бошад. Бо ин амал ҳам аз чизи нодаркор халос мешавӣ ва ҳам касеро хурсанд мекунӣ.
Касеро, ки диданашро хуш надорӣ ва нороҳат мешавӣ, кӯшиш намо вонахӯрӣ. Чун вохӯрдӣ саломе карда бигзар ва табъатро хира масоз.
Чизи дидӣ ҳамроҳатро бо усуле тарбия карда наметавонӣ муддате танҳояш бимон, зӯран ӯро табиат чунин офаридааст. Баъзеҳошон ислоҳ намешаванд.
Ҳар аср нафароне пайдо мешаванд, ки гӯӣ уқобон танҳоиро меписанданд ва алоҳида зиндагӣ мекунанд.
Одамонро чӣ тавр ба худ ҷалб кардан мумкин аст?
Нафареро бо меъда, шоколад, зар, сухани хуб ром кардан мумкин аст. Ҳайвони даррандаро гарчанде ром карда ҳам нашавад ором кардан мумкин аст. Пас маълум мешавад, ки дил ёбу қанд хӯр. Тарзи корро иваз намудан хатмист, зеро одамон дигар шудаанд.
Аз одамон ҳурмату иззат маталаб, зеро одамон аз худ болоро чашми дидан надоранд.
Оё кӯрон рангҳоро фарқ карда метавонанд?
Оё онҳо рангинкамони баъд аз боронро дида метавонанд.
Одамони бекор ба ғайр аз ғайбату тӯҳмат дигар коре надоранд. Аз чунин тоифа ҳазорҳо километр гурехтан ҳам кам аст.
Дард дорӣ? Пас гап ҳам дорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё