Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Нисфирӯзӣ хуб аст, аммо фаромӯш макун, ки нисфе аз умрат гузаштааст. Ин айём тобистонро мемонад.
Баъд акнун замони дигар тирамоҳи умри инсон фаро мерасад. Ин фаслро А. С. Пушкин хеле дӯст медошт. Сабабашро касе намедонад. Шояд он бошад, ки дар ин фасл асарҳояшро дар Болдино эҷод кардааст. Тирамоҳ ҳисоб намо, ки марг ба сарат омадааст.
Аз тифлӣ то ба имрӯз миёни одамон худро танҳо ҳис мекунам. Интизорам, ки кай аз сагирагӣ маро озод мекарда бошад.
Роҳи таймекардаи ҳар кадоми мо хеле душвор аст. Онро одамон рӯзгор, зиндагӣ меноманд, на ба ҳар кас муяссар мешавад, ки ин роҳро тай намояд. Танҳо ангуштшуморон ин роҳро мегузаранд ва бо муваффақият мерасанд. Ҳар қадамро бо андеша бояд гузошт. Ҳар кадом мехоҳад, ки дар ин роҳ аввалин бошад, ду шӯҳрату лаззати умрро соҳиб шавад, қодиранд зинда фурсат бибаранд.
ПАС..., Агар зиндагӣ ҳаёти ҳайвоноти ҷангалро такозо мекунад, ман ҳам бояд дарранда шавам? На, на ва боз на!!!
Ман бояд дар байни ҷангалиён чанд сару гардан боло бошам. Бояд фаҳмонем, ки зиндагӣ бо як даррандагӣ пеш намеравад. Роҳи дурустро нишон додан вазифаи мост. Бо рафтору зиндагии худ бояд ибрат шавам. Роҳро худ намедонам. Бояд онро пайдо намоям, то аз ман касе панд бигирад. Бо ҳам ин роҳро бояд ҷӯст.
- Бо одамон муросо бояд намуд.
- Эҳтиёт шудан хатмист.
- Нисбати дигарон хайрхоҳ бош.
- То тавонӣ ба касе бадӣ макун.
- Сарвати зиёд маталаб, ки ҳор мешавӣ.
- Ғами саломатиятро хӯр, ки бе он хор мешавӣ.
- Кӯшиш намо, то хор нашавӣ.
- Бикуш, ки ақл таркат накунад.
- Чун обрӯманд шудӣ, кӯшиш намо онро аз даст надиҳӣ.
- Орзуят амалӣ нашуд, ғамгин нашав, зеро ҳамааш мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё