Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
сайёран мемонанд ва садҳо маҳв шуда тарки дунё мекунанд. Барои зиндагӣ будан ё набудани мо аҳмияте надорад.
Шояд ин навиштаҳо хонандаи моро дилгир карда бошад, аммо чӣ чора созем, ки қуввае маҷбуран месозад, то ҳама ба даст гирам ва сатрҳоро нависам. Аз дилгиршавӣ танҳо ҳамин ҳама наҷотам медиҳад. Чанд соле умр дида бошам, ҳамон қадар пешпои зиндагӣ хӯрдаам, ҳар дафъаи пешпо хӯрдану хуншӯр шудани бинӣ, кафидани пешона ба худ қавл медодам, ки дигар хатое намекунам шояд, ин сазои гуноҳоям бошад. Рақибонам боз фиреби дигаре медоданд ба ман ва боз бинии хуншӯру сари кафида насибам мешуд.
Чӣ илоҷ зиндагӣ ҳамин будааст бо тоқат ба сӯи қуллаҳои мурод равонаам. Худоё ба кӯмаки ту ниёз дорам ва ноумедам макун.
Даст марасон ба чизе, ки аз ту нест.
Дастатро расондӣ пагоҳ ҷавобашро хоҳӣ дод.
Он чизеро, ки хуб бофтаю дӯхта шудааст, кушоданаш осон аст, кушодани гиреҳ на ҳамеша муяссар мешавад.
Шахсони таърихие ҳастанд, ки ҳаёти гузаштаи онҳо барои мо ибрат аст. Масалан шоҳ Довуд то нафаси охирин тавалло мекард, ки писари бемораш шифо биёбад, аммо чун вафот кард ҳама фаромӯшаш карданд. Ин ибрат ба ҳамаи мост.
Ҳар дақиқа бояд омӯхт.
Он чизе, ки бояд рух диҳад, аз мо нопурсида рух медиҳад.
Кӣ гуфт, ки рӯз сафед ва шаб сиёҳ аст? Баъзан рӯзи одамӣ ба шаби тору шаб ба рӯзи равшан мубадал мешудааст. Ин ақидаи шахсии ман аст.
Субҳ ин айёми ҷавонии одамонро мемонад. Дар ҷайб пайсае надошта бошӣ ҳам хушбахттар аз ҳама ҳастӣ. Ин фурсатро аз даст мадеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё