Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
лаҳзаҳои охири ҳаёт худро меҷуст, ва мехост донад, ки инсонҳо оё ислоҳ мешуда бошанд. Ӯ худ медонад, ки суолҳояш ҷавоб ёфт ё на. Инсоният тӯли асрҳо чӣ корҳое накардааст, ки ҳама махлуқотро дар ҳайрат гузоштааст. Ин афсонаи зиндагии одамият то кай бо як тарз давом мекарда бошад. Ман монда шудаам ва афсонаи нави замонавие мехоҳам.
Чӣ ин қадар худро суолборон мекунӣ? Суолҳои беҷавоб буданд, мемонанд ва то кай давом мекарда бошанд, касе намедонад. Азоби рӯҳи кашидани ту маъние надорад.
Дар муҳите, ки зиндагӣ мекунӣ кӯшиш намо, то аз одамон дур бошӣ. Аз ҷамъияти аҳмакон дида танҳоӣ хубтар аст.
Дар дунё одамони зиёде ба дунё меоянд, аммо сабаби омаданашонро худашон ҳам намедонанд. Омаданд, хомӯшона ба ягон коре онро тарк намуданд.
Танҳоӣ ҳам хубӣ дорад ва ҳам бадӣ.
Танҳоӣ мушкил аст, аммо тоб овардан хубтар аст.
Бобо нафаси чуқур кашида пушташро ба девор гузошт ва хост каме роҳат кунад. Набера оҳкашиҳои боборо шунида суол кард:
- Бобо барои чӣ уффф гуфтед?
- Ҷони бобо калон шав ва аз ман дида оҳи чуқуртар мекашӣ.
Набера дар гуфтаҳои бобо чизе нафаҳмида аз дар баромад ва ба бозӣ машғул шуд. Набера хабар надошт, ки ин оҳкашиҳои бобо ба кадом хотир аст.
Мегӯянд, ки истеъдодҳо хушбахтарин одамонанд. Ба ин гуфтаҳо розӣ нестам. Норозигӣ аз он аст, ки барои ба қуллаҳои баланд расидан чӣ азобҳоеро паси сар мекунанд. Ҳасудон ҳамеша сади он мешаванд, ки онҳо ба мурод нарасанд. Ба ҳамааш тоб овардан лозим аст. Аксарият ба ин ноадолатиҳо тоб наоварда тарки касбу заҳмат мекунанд. Агар дақиқ назар кунем, мебинем, ки дар тамоми сайёра ин мубориза давом дорад. Бартаринатарин муборизаи одамон аст. Дар саҳнаи зиндагӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё