Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
баъди аз дар баромадани ӯ чунин ҷавоб гардонд: Ана дидед мансаб одамро вайрон мекунад!
Ҳар тифле, ки ба дунё меояд баробараш ниҳоле шинонда мешавад. Илоҳо ин ниҳол ба воя расад ва нахушкад. Ҳама дуогӯи онем, Омин.
То дар гирдоби зиндагӣ, дар азобҳои рӯзгор сарнагун нашавӣ умед мабанд, ки ба мурод мерасӣ ва қуллаи мақсуд насибат мегардад.
Ҳарчанд аҳволат бад бошад ҳам, барои онҳое некӣ бикун, ки аҳволашон бадтар аз ту ҳаст.
Бадтарин хислати инсонӣ инҳоянд:
- Бетарафӣ
- Бадтаринашон хиёнат кардан ва дурӯғ аст.
Комёбии бузургон дар он аст, ки нафсашонро лаҷом задаанд.
Комёбии дигари инсоният он аст, ки ҳама кори дунёро меъёрашро бояд кунанд.
Хоҳӣ, ки аз сирру асрорат душманат хабар наёбад, ба пайвандон розатро зинҳор магӯ.
Зани аз нигоҳи мард талаби шавҳарро мефаҳмидагӣ биҳишт барои мард аст.
Зани ҷанҷолии саграфтор дӯзахи ин дунёгии мард аст.
Ҳамсар агар хуб бошад ҳаваси биҳишт хӯрдан убол аст.
Аз рӯзе ба ин дунё омадам дар одамон бештар дурӯғро дидам. Баъд аз он бахиливу нотавонбинӣ бадтарин хислати одамизод гаштааст. Шояд ин маризиҳо аз миёни одамон ҳаргиз гум нашавад? Илоҳо решаи ин бемориро Худ хушк гардонад.
Агар ба мурғобӣ мурғобии дигаре наздик шавад ҳаргиз ӯ намегурезад. Ба зоғ зоғ хуш аст ва ба булбул булбул. Ҳар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё