Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

кадом табиати худро доранд ва мақбули ҳамдигаранд. Хулоса тансия офаридаҳо ҳайвонҳои монанд ба худро меписанданд. Ин қонуни нонавиштаи ҳаёт аст, ки касе онро дигар карда наметавонад.

Шояд ҳамдигарро дӯст доштан ва ҳам инсони дигарро нобуд кардан то абад давом кунад. Шояд то охирин шӯълаи офтоб, охирин қатраи об дар замин ин дӯстдориву рақобат давом кунад. Боз он тарафашро кӣ медонад?

Гадо бояд мӯҳтоҷи гадо бишавад.

Ҳама кӯшиш мекунем, ки аз вартаи мушкили зиндагӣ бибароем. Барои баромадан аввал бояд дурӯғро камтар гӯем. Дуввум меҳнати ҳалол аз ҳама хубтар аст. Саввум ин, ки ақаллан ҳамдигарро гӯш карда каме ҳам бошад кӯмак намоем.

На ҳама гӯшҳо шунавоянд.

На ҳама дидаҳо қудрати диданро доранд.

Барои шунидан ва дидан бояд рӯҳро аз хоб бедор намуд.

Одами бисёре ба дунё омаданду меоянд. Афсус на ҳама дар ёдҳо мемонанд. Танҳо онҳое мемонанд, ки ахлоқи ҳамида доранд. Худоё моро дар ин қатор ҷой бидиҳӣ. Омин.

Аз одамон ҳаргиз таърифу тавсифро интизор машав. Шояд сабабашро донистан хоҳӣ. Мушкиле инҷо нест, зеро ҳама кӯшиши худро нишон додану таъриф шунидан хостанд. Танҳо бо сари баланд меҳнат кардан беҳтарин амал аст дар ин замон.

Зиндагӣ ҳамин аст, ки яке барои зиндагӣ то будан азоб мекашад ва чун сар мебардорад, ки дар лаҳад пешониаш дақа мехӯрад, гӯри сарду торик насибаш гаштааст. Дигареро дигарӣ барои зинда мондану пур кардани меъда фурӯ мебарад. Ин қонунҳоро, кӣ офарид? Барои чӣ мо ба ин дунё омадаем? Бо фармону қонуни кӣ нест мешавем? Саволҳоям бешумор аст, аммо касе дақиқ ҷавоби онҳоро намедонад. Шояд ба ин суолҳо ҷавобе лозим нест. Шояд зиндагӣ вазнин аст ва ин ҳамаро он тақозо мекунад. То зиндаҳо пай набурдаем, ки зиндагӣ таззодҳои худро дорад. Гурӯҳе агар ба ин восила розӣ бошанд,

пешина
аз 213
навбатӣ