Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

як имои режиссёрашон. Агар лаббай нагӯянд ҷойи муносиберо намегиранд. Аз қадим чунин бозӣ буд ва то абад мемонад. Агар туро дар чунин бозӣ нақш надоданд метавонӣ тамошобин шавӣ. Бубин, ки чӣ тавр нақшофариҳо дар саҳнаи зиндагӣ ҳамдигарро фиреб медиҳанд ва аз он лаззат мебаранд.

Чӣ фоида аз он, ки боре гӯям. Мегуфтанд, ки садҳо бор гӯем. Ин ақидаҳо кӯҳна шудаанд. Як бор хуб карда гӯй басанда аст.

Бо ақли дигарон зиндагӣ мабод.

Бо ақли худ зиндагӣ бояд намуд.

Ба гуфтаҳои дигарон зуд розӣ шудан хатост. Аввал биандеш, ин гуфтаҳо то ба куҷо мебаранд.

То оне, ки навашро нагирифтай, кӯҳнаашро мапарто.

Аз оне, ки дорӣ зуд даст макаш.

Нӯги қаламе, ки сухан мегӯяд метавонад дунёро дигар кунад.

Ба некиҳои кардаам, ҳамеша бо бадӣ ҷавоб гардондаанд.

Бо некӣ кардан хостам савоб бигирам, аммо носавобӣ насибам гашт. Надонистам чаро одамон ин қадар кӯрнамаканд?

Як тан бо шумораи беҳисобе меҷангид, аммо мағлуб намешуд.

Театр барои ҳар инсон бояд макони муқаддас бошад.

Ҳар инсон ақидаи худро дорад ва ақидаи то ҷое дуруст ё хатост танҳо вақт муайян мекунад.

Ин чакидаҳо, ин калимаву ҷумлаҳое, ки Ҳошим Гадо ҳамаро дар хуни дилаш тар карда навиштааст на барои таъриф ё танқиди касе навиштааст. Ҳошим Гадо ин ҳамаро барои худ бигуфту бигзашт.

пешина
аз 213
навбатӣ