Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

Дар зиндагӣ на ба ҳама муяссар мешавад, ки зиндагии ҳақиқиро бубинад. Дар ин роҳи пурталотум ҳар дақиқа метавонад даррандае туро нобуд созад. Хушбахт онест, ки ҳамаашро мегузарад.

Зан нагар хоҳад барои мард ҷонашро медиҳад.

Зан барои марди ҳақиқӣ на аз об, на аз оташ умуман аз чизе ҳарос намекунад.

Зан нагар хоҳад аз номард мард мекунад.

Зан нагар хоҳад аз мард латапора, кулӯх, номард мекунад.

Аҷаб дунёи ҷолиб, бемаънӣ, пурасрор, ки як субҳаке ҳеҷ чизро нафаҳмида субҳи дигар онро тарк мекунем.

Шахсе ба ҳамроҳаш бисёр норозигии Дунё мекунад. Нолишҳои дӯсташро шунида маслиҳат медиҳад, ки илоҷе карда ҷонашро аз азоб халос кунад. Шикояткунанда ин суханонро шунида роҳашро мепурсад.

-Гӯш кун!

  1. Аз бозӣ баромадани зиндагӣ набахшиданист.

  2. Ё дар киморбозии зиндагӣ бимон ё тарки Дунё бикун.

Мансаб аз даст мераваду ману ту мемонем, на ману мансаб.

Мансабдоре ҳунармандро таҳқир намуд.

-Шумо моро таҳқир кардед. Ҳеҷ гап не шуморо вақт таҳқир хоҳад кард.

Бозӣ давом дорад. Дар ин бозӣ кӣ ғолиб, кӣ мағлуб мешавад танҳо вақт медонад.

Бозиҳои пасипардагӣ ва бепарда мешаванд. Бозиҳои пасипардагиро кассе намебинад ва инро бозиҳои махфӣ мегӯянд. Бозингарони ин намуди бозӣ калонтарҳоянд. Ин бозиҳо режиссёр, драматург ва тавсиядиҳандагони алоҳидаи худро доранд. Ин ҳунармандон ҳамеша лаббай мегӯянд ба ҳар

пешина
аз 213
навбатӣ