Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳазорҳо маротиба гӯем, ки ҳасад мабар, дурӯғ магӯй, бахилӣ макун натавонист, ки натавонист. Ин одатҳоро на ҳама лаҷом зада метавонад.
Инсони бе орзу дар қатори мурдаҳост.
Чун ошиқ шудӣ худро аз ҳама хушбахт ҳисоб намо. Чунки бе ишқ зиндагӣ нест «Зинда бош ишқ!».
Аксари сарварон камгапое, лагандбардорон, лаббайгӯйҳоро дӯст медоранд.
Сарвар кӯшиш менамоянд, ки дар назди худ камхирадонро ҷамъ оваранд.
Касе аз худ боақлтарро дӯст намедорад.
Мисли худ бударо дӯст медоранд ё поёнтаронро.
Мор чун мурд заҳри дандонҳояш ҳам мемирад. Ин чӣ маъно дорад?
Касе маънии ин гуфтаҳоро биёбад пайи ҷустуҷӯи нависандаи ин сатрҳо шавад. Агар нависанда дар қайди ҳаёт бошад ва ба водии хомӯшон сафар накарда бошад тӯҳфаи хуберо бароят тайёр намудааст.
Одамоне дар олам пайдо мешаванд, ки барои манфиати худ ҳамаро мефурӯшанд. Лозим шавад зану фарзанд ва худро ҳам мефурӯшанд.
Ту мехоҳӣ кӯтоҳ гӯям.
Кӯтоҳ мегӯям, аммо ту чизеро дарк намекунӣ.
Ҳамагон гӯё дар қаторае ҳастем ва ба сафари дур равонаем. Дар асл бошад хаёлу андешаамон пароканда аст.
Яке дар хаёли имрӯз, дигаре андешаи фардо ва саввум фикри ояндаи дурро менамояд. Кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ касе ҷавоб дода наметавонад? Зиндагии одамон худ баҳсталаб гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё