Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

ривоят бовар кардан даво хатто солшумории худро аз соли хаёлии таъсис ёфтани шаҳри худ ҳисоб мекарданд. Дар Рим ҳайкале гузоштанд, ки гург ба ду тифл Ромул ва Рем мисли модар шир мемаконд.

Агар ба «Библия» муроҷиат кунем бародаркушӣ аз замони фарзандони Одаму Ҳаво — Ҳобилу Қобил оғоз ёфтааст ва то ба имрӯз идома дорад. Одамизодро як бор арзи ҳастӣ кардан насиб мешавад ва ҳамин муқаддастарин эҳдои худовандро ба ҳамдигарро озор додан, хафа кардан, куштану нест кардан сипари месозад. Ҳатто беҳтарин шахсиятҳое аз қабили Галилео Галилей, Чордано Бруно, Николай Коперник, Ян Гус, Насимӣ ки омаданд то ба инсоният мисли чароғ дар шаби тор роҳ нишон диҳанд, ақлу хираду тамиз ёд диҳанд, онҳоро пӯст канданд сӯзонданд, ба хок яксон карданд.

Ин гуна адам бадбиниҳо аслан аз фикрҳои тиҳӣ, аз қабили ҳасад, баднафсӣ «ҳама аз манн бошад», бехирадӣ реша мегиранд ва чун решаашон тиҳист, ҳосилашон харобиовар аст. Ноадолатӣ мешавад агар як маъниро шарҳ надиҳам. Ҳасад ду хел мешавад: ҳасади хуб, ки инсон инсони дигареро дида ба худ менигарад ва кору гуфтори худро хуб мекунад. Ҳасади сиёҳ муқобили пешрафт аст, сари одамони калладор — боҳираду ҳунарманд ва эҷодкорро низ ҳамин мехӯрад.

Сари мавзӯъ баргардем. Дар байни гладиаторҳо тамоми миллатҳо буданд: аз Эрон, Сурия, Миср, Рим ва дигар миллатҳо. Яъне агар туфангро бар зидди кассе мебардорӣ, дон: ту бародари худро мекушӣ. Ба воситаи «Спартак» қафомонии инсоният, проблеман аз чӣ мо якдигарро озор медиҳем, ҷанг бас шавад ва дигар масъалаҳои ояндаи умумиинсониро ифода кардани ҳастем. Яъне адам тоқиашро пешаш гузошта фикр кунад: чаро дар рӯи замин нооромиҳо зиёд шудаанд. Чаро заминларза бештар рӯи медиҳад.

  • Пас сабиб чист, ки имрӯз вазъияти ба шарият то ин дараҷа пур аз печутобҳо гаштааст!

  • Ақидаи ман: Дар рӯйи кураи Замин гуноҳ зиёд шудааст! Эй, инсон, STOP! Ист! Сари вартаи ҳалокат наздик омадӣ, ҳушёр бош, фикр кун! Ҳоло ҳам сари вақт аст! Бовар кунед ягон рӯз не ягон рӯз гапи ман мешавад: ягон комета аз осмон омада Заминро мезанад. Гуноҳро камтар кунед, ба ҳамдигар хайрхоҳ шавед, бахилиро партоед!

Замоне дар рӯйи олам мамлакате будааст ба номи Атлантида.

пешина
аз 213
навбатӣ