Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

АдабиётҶомеа
Аз аввал хондан

рангоранг медӯзанд, барои ӯ духтари махсус таъин мекунанд... Ман гуфтани ки ин хел мумкин не. Саг бигзор дар ҷои худаш монад, ту агар имконият дошта бошӣ, ба инсонҳои муҳтоҷ ёрмандии бикун, аз худ номи нек гузор.

Орзу дорам, ки ҳамин спектаклро ба саҳна гузораму онро дар ватани Спартак — Булғория ва Рим, дар Афина, дар Русия, Америка, Англия намоиш диҳанд ва баъди ин аз дунё гузарам беормон.

— Рӯ овардани Шумо ба оғози таърих ва ҷустуҷӯи ҷавобҳо ба саволҳои беҷавоби рӯз паҳлӯҳои нави эҷодиёти Шуморо мекушояд. Ин фалсафаи Шумо аз кадом ғояҳо об мехӯрад?

— Дар рӯи замин як идеяи кӯдаконае ихтироъ дорам. Ман исбот кардани ҳастам, ки мо тамоми одамизод ба ҳам хешу таборем. Дар таърих чӣ қадар ҷангҳои забткорӣ шудааст — ҳамин ин тақдири инсонҳост. Дар ҷангҳои юону форсҳо юониён сарзамини бузурги орнёиро забт карда, лашкари сершуморе ташкил доданд. Ва қисми зиёди ин лашкар аз ҳисоби аҳолии сарзамини забтшуда буд. Як иддаи онҳо ба Юнон рафта «ниҳол» шинонданд. Худи Искандар бо духтари сатрапии маҳаллӣ Роксана аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯза хонадор шуда буд. Бобои Пушкин кӣ буд? Ӯ ҳам авлоди мост. Ҳикмате аст: «Ҳамин роҳҳои ҷаҳон сӯи Рим меборанд». Ин ба маъмуни сухани мо ҳам робитаи қавӣ дорад: тамоми миллатҳои ҷаҳон дар Рим ҳастанд. Давраи гладиаторҳоро ба хотир биёред.

Қариб 20 сол мешавад орзуи ба воситаи «Спартак» исбот кардани ин ақидаро дорам. Ман ба воситаи «Спартак» фаҳмондани ҳастам, ки то куҷо меравӣ эй инсоният, ҳангоме мудом бародаркушӣ мекунӣ!

Таърихи дунёи қадим ривояте дорад дар сабаби шаҳри Рим: Яке аз авлодони Эней шоҳ Нумиторро бародараш Амулей аз тахт меафтонад, писари ӯро мекушд, ва духтари ӯ Рей Силвияро аз тарси он ки вориси ҳақиқӣ аз вай ба дунё наояд ба бешавҳарӣ кассам медиҳад. Аммо Силвия аз худо Марс (Миррих) ҳомила мешавад ва ду писар мезояд. Амулей барои халосӣ аз онҳо ҳардуро ба дарёи Тибр меандозад. Бачаҳо Ромул ва Рем ном доштанд. Тасодуфан онҳо зинда мемонанд: аввал гург ба онҳо шир маконда зинда медорад, баъд чӯпоне мепарварад. Бародарон ба камол расида қарор доданд, ки шаҳри худро таъсис кунанд, вале гапашон гурехта Ромул Ремро мекушд.

Соли 753 пеш аз мелод Ромул дар он ҷое, ки онҳоро гург ёфта буд, шаҳри Римро месозад ва шоҳи он мешавад. Римҳо ба ин

пешина
аз 213
навбатӣ