Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ба мисли мору каждум мезанад неш.
Аз шиносе пурсидам: - Зиндагиро чӣ тавр дарк намудӣ?
-Хешу бегона ба дасти пуру қиссан пур аз пулат менигарад. Ин гуфтаҳоро дошта бошӣ соҳиби обрӯи баланд мешавӣ.
Хулосан зиндагиро чӣ тавр исбот менамоед?
-Имрӯза зиндагӣ лӯхтакбозӣ, фиребу найрангбозие беш нест.
Чӣ бояд кард, то зиндагӣ шоҳона бигзарад?
- Ҳамдигарфаҳмӣ 2) Аз хилаву найранг даст кашидан 3) Ба гапҳои дурӯғ бовар накардан 4) Роҳи ҳақро интихоб кардан 5) Адлро эҳтиром намудан 6) Дасти сахо доштан 7) Фақиронро озор надодан 8) Дасти бечорагон гирифтан 9) Ба гуфтаҳои Худованд бовар ва амал намудан 10) Пояҳои исломро мустаҳкам нигоҳ доштан пас метавонем, ки дӯстона сар аз як гиребон бароварда ором зиндагӣ намоем.
- Луқмаи ҳалолро аз ҳаром фарқ намудан лозим аст.
Субҳ буд. Ба шохи дарахте нигаристам ва онҷо баргакеро дидам ва аз ӯ суол кардам: -Ту ҳам ғам дорӣ? Барг ба сухан омад: -он чунон ғам дорам, ки агар онро бароят гӯям, шояд ғами шумо назди ғами ман ҳеҷ бошад. Ғами ман баробар ба баҳр аст.
Содаҳоро дар ҳама асрҳо дар як лаҳза фиребашон мекунанд. Пас... Чӣ бояд кард, ки сода набушем?
Имрӯз ба шикори донишу хулоса намудани зиндагӣ баромадам. Якеро бе даст, дигареро кӯр ва саввумиро аз инҳо беҳтар дидам. Тӯли тамоми рӯз нафари беғаму дардеро надидам.
Ба худ суол кардам, ки ин дунё ғамхона бошад?
Ба ин суоли ман кӣ ва кай ҷавоб медода бошад?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё