Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Сару рӯи барзагов, дасту сару либоси ман аз хун тар шуда буд. Оқибат гарданаш нашикаста, барзаговро ғалтондам. Барзагов дигар ба худ naомада мурд... Он вақт дар СССР гуманизм мегуфтанд, аз ин набарди шадид ҳамагӣ як-якуним дақиқа ба ленраи навор афтиду халос. Вақте дар намоиши туркӣ ва америкоияш ин набард қариб ки пурра ҳаст ва ин филм дар Туркия муваффақияти зиёде пайдо карда, ба яке аз маҳбубтарин филмҳо табдил ёфтааст. Баъди сабти филм озариҳо дар ҷои набарди ман бо гов чашмаеро обод карда, ба он «Хошим булаги» - 1975 («Чашмаи Хошим») ном гузоштанд. То ҳол даҳмардаю роҳгузарон аз он об менӯшанд. Аспи девонаро дар сабти филми «Суғдиён» (мегӯянд ҳоло номашро «Турони бузург» гузоштаанд) доданд. Аз болояш сарозер афтодам, сарам то гардан даруни қумзор гутид. Мутахассисон гуфтанд, ки аз чунин ҳолат ҷон ба саломат бурдан қариб ғайриимкон аст. Ин филм дар бораи муборизаи мардуми Осиёи Миёна бар зидди арабҳо қисса мекунад. Дар он боз чанд саҳнаи каскадёриро иҷро кардам. Дар «Набарди се шоҳ» низ лаҳзаҳои каскадёрӣ ҳастанд. Масъалаи, вақте киштии оташ мегирад, ман шамшерро дар дахонам гирифта, аз баландии 27 метр ба баҳр мечаҳам. Ин лаҳза дар варианти 5-сериягии хориҷӣ ҳаст, дусериягие, ки дар мо нишон доданд, нест.
-
Ҳодисаҳое шудааст, ки масъалаи ягон каси дигар ҳангоми иҷрои нақши мурда бошад ё холате афтода бошад, ки ӯро наҷот дода бошед.
-
Наворбардории «Набарди се шоҳ» мисли фронт буд. Ҳар рӯз панҷ-шаш-даҳ нафаро аз майдон беморхона мефиристоданд. Лекин хушбахтона, мурда нашуда буд.
Ҳолатҳои аз марг наҷот додани ҳамкасбон низ буданд. Дар филми «Шикори охирин» актёр (Маҳмадалӣ) дар баландии 150 метр овезон шуд. Ман ӯро наҷот додам.
Дар филми Озарбойҷони «Ин ҷо туро биҳишт мунтазир намешавад», ки нақши сардори девҳо Тавоноро иҷро мекардам, лаҳзае ҳаст, ки аз дарвозаҳои оташин (сӯзон) мегузарем. Он ҷо газ месузад. Ин лаҳзаро сабт карда бояд газро маҳкам мекардаанд. Лекин кадом винте кор намекунад, газро хомӯш карда наметавонанд. Мо (ду кас будем) илоҷи баромадан надорем. Хислати ман ҳамин хел аст, ки дар душвортарин, даҳшатноктарин лаҳзаҳо оромам. Ҳамроҳам бошад ба зорию илтиҷо даромад, пул ваъда кард, ки ӯро наҷот диҳам. Хандаю гиря дар як ҷо. Чунин лаҳзаҳо ҳам мешудааст. Ягона коре, ки метавонистам, ӯро даруни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё