Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
суиқасд мекунанд. Ба ҷои пайкони чӯбин пайкони оҳанин, ба ҷои тири «холостой» тири «боевой» ва ғайра. Агар ҷо дошта бошанд, чунин ҳодисаҳоро низ ёдрас мешудед. Зеро ман борҳо шунидаам, ки ба ҷони шумо ҳам суиқасдҳо буданд.
Ҳангоми иҷрои нақш дар спектакли «Модарандар»-и Оноре де Бальзак шамшери лучро партофтанд, ки ҳеҷ мумкин набуд. Вақте онро аз дамаш дар ҳаво доштам панҷаҳои дастамро бурид. Рӯи саҳна пур аз хун шуд лекин саҳнаро тарк накардам. Инро ман суиқасд гуфтани нестам, тасодуф ҳам мешавад. Лекин ҳодисаҳои дигараш тасодуф набуд. Ҳамлети ман бандеро, ки миёни саҳна овезон аст, дошта ин тараф-он тараф мепарад. Кадоме пеш аз оғози спектакл бандро бурида камтарашро мемонад. Ҳангоми иҷрои рол дар ҳаво будам, ки банд канд, бо суръати зиёда аз 11 метр рӯи саҳна ғалтидам...
Аз ҳама лаҳзаи даҳшатнок кадом буд?
— Дар филми «Нури гулханҳои хомӯшшуда» Газанхон бо буқае, ки 850 кило вазн дошт, набард мекунад. Дар филми озарбойҷонӣ ин лаҳза ҳамагӣ якуним дақиқа тӯл мекашад. Дар айни ҳол чӣ хел буд? Гуфтанд, ки буқа хатарнок нест. Се паҳлавони озарӣ қувва озмуданд, нашуд, даст кашиданд. Яке аз онҳоро, ки хато накунам чемпиони собиқ СССР ва номаш Дадаш буд, буқа ҳафт метр дур ҳаво дод. Ман — офарандаи нақши Газанхон ба майдон даромадам.
Як чизи дигарро ёдрас кардани ҳастам, ки ҳамон сол Саидмуъмин Раҳимов дар гуштии самбо чемпиони ҷаҳон шуду номи ин паҳлавони тоҷик дар Озарбойҷон низ машҳур гардид. Инро озариҳо истифода карданд. Ба воситаи радио эълон кардаанд, ки боз як паҳлавони машҳури дигари тоҷик дар Шамахи — Перкули бо борзагов қувва меозмояд. Мақсад ба ин восита ҳарҷи бештар ҷамъ кардани одамон дар сабти филм будааст. Гӯё дар он ҷо одам борида буд ва баромади маро интизор буданд. Буқа хеле ва хеле пуркувват буд ва пасон фаҳмидам, ки он буқаи гуфтагиашон нею буқаи ҷангии бадҳашм ва як ду рӯз қабл шиками чӯпонеро чок карда будааст. Ин барзагов чунон машҳур буда, ки онро ҳатто барои наслгирии хориҷиён истифода мебурдаанд. Хулоса, аз афту дарафти аввалин дарёфтам, ки вазъият бениҳоят мураккаб аст: ё марг ё ғалаба. Бо барзагов чанд соат мубориза бурдам. Чанд бор аз болоям пария гузашт. Зарби шоҳаш пуштамро чок кард, баданам хуншор, оташ барин месузад. Гӯшҳояшро, патҳои бинияшро, лабҳояшро даррондам, захмин кардам, хун бар рӯям пош мехӯрд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё