Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
болои бинои боғчаи бачагон мечаҳид: «Ҳамроҳи набераам ба берун баромадам. Чашмам ба Ҳошим афтод. Ӯ дар майдони назди мактаб давидан дошт. Вақти давидан суръаташро гоҳе тез менамуду гоҳе суст. Гоҳо аз болои девор ҷаҳида мегузашт. Боз ба болои девор мебаромаду ба дур мечаҳид. Баъди он болои гараж баромада худро поён мепартофт.
Чунин машкро чанд бор иҷро менамуд, ки ба ҳаракати ӯ нигариста, роҳи нафаси ман танг мешуд. Баъди ин рӯи хараки назди хона ба пушт ғелида, ба ду дасташ ду санги тақрибан 8-килологиро гирифта, дасташро то замин расонда боз боло мебардошт – ман шумурдам: 22 бор!
Оқибат Ҳошим ба ҳарак нишасту дасти худро ба ман дароз намуд. Панҷаҳоям ба кафи дасташ расиданд, ҳис кардам як дасташ пур аз обида аст» (1984). Ва ин заҳмат зарурияти ҳамешагии Ҳошим Гадо буд.
Акаи Ҳошим, як тасаввур кунед: рассоме сурати Шуморо луч мекашаду дар ҷои захмҳо нуқтаҳо гузошта ва дар паҳлуяшон номи ҳамон нақшҳоро менависад, ки ҳангоми иҷрояшон захм бардоштед. Ба фикрам, «харита»-и аҷойбе мешуд. Малол наояд, дар ин бора каме муфассалтар ҳарф мезадед.
– Ин як паҳлуи боқуввати фаъолияти эҷодӣ ва умуман ҳаёти ман аст. Вале 35 сол боз – аз оғоз то имрӯз матбуоти тоҷик дар ин бора чизе намегӯяд. Вандам 9 метр мечаҳид, ӯро ҳар як бачаи тоҷик медонад. Ман 11 метр ҷаҳидам, чаро намедонанд? Дар 9 филми қаҳрамонии Узбекистон, 3 филми Озарбойҷон, Белорусия... мусобиқаҳоро бурида бозӣ кардаам. Лекин дар Тоҷикистон инро касе намедонад. Оё ин аз рӯи адолат аст?
Дар филми «Гуреза» роли асосиро Сафарро ман бозидаам. Дар аввал ин ролро ба ман надоданд. Собиқ директори «Тоҷикфилм» Обид Хомидов режиссёри филм Б. Долиновро барои ман розӣ кардани шуданд. Ӯ гуфт, ки аз план 20 рӯз қафо мемонем. Хулоса, ман ба гардан гирифтам, ки ин кори бистрӯзаро дар як рӯз иҷро мекунам. Сафар бояд дар пайраҳаҳои кӯҳӣ хуб асптозӣ кунад, аз болои аспи дартоз биҷаҳад, биғалтад, пои луч болои сангҳо бидавад... Оқибат режиссёр розӣ шуд. Акнун ҳар рӯз машқи аспсаворӣ, аспдавонӣ. Ҳар рӯз то бист бор аз болои асп мечаҳидам. Ба наворгирии филм сар шуд. Вақте сари дави асп ба болояш паридам кафи поям дар санг зада кафид, майдончаи банаворгирӣ пур аз хун шуд. Аз рӯи вазнинии ҷароҳат бояд як-якуним моҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё