Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
мепазирад ва аз ин мавқеъ барои ривоҷи он мекушад, балки аз он лаззат ҳам гирифта метавонад. Артист лаҳзаҳои аз Ҳирот бозгаштан ва дар маҷлиси сафирон ба Рӯдакӣ чихил ҳазор дирам инъом бахшиданро ба дараҷаи олӣ бозӣ мекунад. Ҳошим Гадоев баъзан дар як дақиқа чандин ҳиссиёти мутақобил – тааҷҷубу имтиҳон, шодиву хашм, муҳаббату нафрат ва амсоли инро тавъам ифода менамояд, ки маҳорати фавқулоддаро талабад».
Ҳошим Гадо — варзишгар, паҳлавон, каскадёр... Дар ин мавзӯъ матбуот хомӯш аст, лекин овозаҳо бисёранд. Ҳақиқат он аст, ки Ҳошим Гадо дар филмҳои ватанию хориҷии каскадёрӣ кардааст, лаҳзаҳоеро бозидааст, ки аз рӯи қоида мутахассисони махсус — каскадёрҳо актёрҳоро иваз мекунанд. Дар чандин филм озмунро маҳз тавассути қувваи бузурги ҷисмонӣ ва маҳорати баланди касбӣ бурида, иҷрои нақшҳои қаҳрамонони соҳибгаштааст. Кинорежиссёр Борис Кимгаров: «Актёре ки бояд Суҳробро меофарид, мебоист дар худ зебоӣ, қувва, сифатҳои варзишгар, ҷавонӣ, ҷасурӣ, бо шеър нақшофариро тавъам мекард. Пас аз ҷустуҷӯи зиёд маълум шуд, ки дар Осиёи Миёна чунин актёр нест. Актёрҳо ба тарбияи бадан, пластика ва зебоии бадан аҳамият намедиҳанд... (Ба Кимгаров гуфтанд: «Ҳошим Гадоев штанга мебардорад». Ҳошим Гадоро ҳам ба қатори 16 довталаби озмун дохил карданд)... Танҳо Х. Гадоев қавиирода баромад ва ба нақши Суҳроб бисёр ҷиддӣ муносибат мекунад». Режиссёри филми «Набарди се шоҳ» (истеҳсоли Марокаш – Италия – Испания – Америка – Узбекистон) Суҳейл Бенбарк: «Ҳошим Гадо дар мусобиқа бо ситораи Голливуд Умар Шариф ғалаба кард ва иҷрои нақши Агат Мара насиби ӯ гардид».
Дар дигар филмҳо, аз ҷумла «Нури гулханҳои хомӯшшуда» («Озарбойҷонфилм») нақши Газанхон – қаҳрамони миллии озарҳо (дар озмун барои ин нақш бояд 14 нафар — панҷ нафараш актёрҳо аз Боку иштирок мекарданд. Довталаби якум Бибо Ватаев иҷрокунандаи нақши Рустам дар киноҳои тоҷикӣ буд. Ҳошим Гадо барои санҷиш чорумин довталаб буд ва вақте ӯро санҷиданд, озмун ба охир расид: «Газанхон»-ро ёфтанд. Дар «Суғдиён» (истеҳсоли Алҷазоир – Узбекистон) нақши Гурак – шоҳи Самарқандро Ҳошим Гадоев тавассути ғалаба дар озмун соҳиб шудааст.
Иҷрои нақшҳо дар кинову спектаклҳо дар баданаш зиёда аз 20 захм гузоштаанд. Чӣ хеле ки духтур Борис Бицоев – ҳамсоя ва шиноси наздики Ҳошим Гадо навишта буд, Ҳошим Гадо штанга мебардошт, велосипедронӣ, теннисбозӣ мекард. Аз болои гараж, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё