Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

мумтоз ва бисёр арҷманд Ҳошим Гадо ягона буду мемонад. Бигзор, агар ҳунарманд бошад, мисли Ҳошим Гадо бошад».
Неъмати Озарм, шоири эронии Муқими Порис.
«Пайванд», № 12, 1992.


«Гулчанбари нуқрагини Мочалов барои Ҳошим Гадоев».
Р. Беняш «Павел Мочалов»,
Шаҳри Ленинград.


«Гадоев актёри пурэхсос ва дорои табъи баланд буда, бештар ба ифодаи рӯҳияи қаҳрамони саҳна мекушад. Ролҳои Дон Жуан («Фоҷиаҳои хурд»-и Пушкин), Содиқ («Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло), Суҳроб («Рустам ва Суҳроб»-и ), Фарҳод («Дар фироқи ту»-и Ш. Қурбонов) аз он шаҳодат медиҳанд, ки майлу рағбати актёр ба иҷрои ролҳои психологӣ моил аст».
М. Шарофов «Санъати театр»,
Душанбе, «Ирфон», с. 1971.


Ҳошим! Вақте ки кас дар кори худ хурсандӣ мебинад, дақиқаҳои пурлаззати онро мечашад, ӯ дар он дақиқаҳо тайёр аст ҳама азобҳои кашидааш, шабҳои бехобӣ, ноумедиҳои тоқаҳри дил фароянда, дилҳунукиҳо ва ғайраҳоро фаромӯш кунад ва ҳамин тавр ҳам мешавад. Инро ман на мегӯям ва ту ҳам нагуфтаӣ. Ин қонуни табиат аст, лекин онро на ҳама касон мефаҳманд.

Ин гуна дақиқаҳои рӯҳбахшро ман якчанд маротиба ҳис карда будам ва инак имрӯз ҳам. Кадом вақте буд, ёд надорам. Рафиқе гуфта буд, ки «Нет труднее в жизни (особенно среди людей искусства) трудности, чем признать успех своего товарища». Ман мегӯям, ки вай хато мекунад, чунки ман бо осонӣ мегӯям, ки ту ба ин муваффақият сазовор шудӣ.

Ба фикри ман, ту имрӯз майдон ғолиб баромардӣ. Ва иҷозат деҳ аз самими дил табрик намоям ва дар муҳорибаҳои аз ин ҳам сахттар, ки дар сари роҳат ҳастанд, боз ҳам мустаҳкам шуданатро орзу намоям.

Афсус, ки ин ғалабаи туро на ҳама меписанданд. Вале ту аз ин ҳеҷ гоҳ зик нашав. Ҳар санъаткоре, ки дар касби худ каму беш чизеро мефаҳмад ва дили нарми инсонӣ дорад, бояд бозии туро бечунучаро писандад.

Агар не, ӯро кӯр мешуморам.

пешина
аз 213
навбатӣ