Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
фоҷиазадааст, ба он тавре ки Шекспир мегуфт ва Ҳамлети ӯ намоёнгари ин нукта мебошад».
Маҷаллаи «Театр», №2, 1984.
«Ман асари худ «Шаби гирифтани моҳ»-ро аз саҳнаҳои бисёр театрҳо тамошо кардаам. Аммо образи Девона, ки Ҳошим Гадо офаридааст, аз беҳтаринҳост».
Мустай Карим, адиби бошқирд.
«Бояд гуфт, ки роли Девона дар иҷрои Х. Гадоев бозёфти намоишнома аст. Девона бодшаклу баднамуд аст, аммо девона нест ва ин имкон медиҳад, ки ҳунарпеша гоҳ-гоҳ хиради қаҳрамонашро намоён кунад. Аз ин рӯ, баъзе суханҳои берабти ӯ дар бораи некӣ мафҳуми баланди фалсафӣ пайдо мекунад».
«Театральная жизнь», №10, 1973.
«Ҳангоми тамошои «Ҷавонии Сино» (ин асар ба забони русӣ дар театри ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта шуда буд. — ред.) бори аввал фаромӯш кардам, ки он асари ман аст ва дар саҳна Ҳошим Гадо роли Синоро мебозад. Синои ӯ гӯё Синои ҳақиқӣ ва зинда аст».
Сотим Улуғзода.
«Ман дар бисёр театрҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар МХАТ Михаил Чеховро, дар Театри Хурди Маскав Остужевро, ҳамчунин актёрони машҳурро дар саҳнаи Инглистон бо завқ тамошо кардам. Вале ҳеҷ гоҳ чун имрӯза, ки аз тамошои «Эдип» ба ваҷд омадаам, мутаассир нагашта будам. Ман ба сифати санъаткор дар назди маҳорати Ҳошим Гадоев сар фуруд меорам».
Соро Эшонтураева, ҳунарпешаи Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ. «Ҷавонони Тоҷикистон», 23 июня с. 1989.
«Ман дар иҷрои дигарон «Эдип»-ро ба забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ дар кишварҳои Фаронса ва Британияи Кабир дидаам. Вале иҷрои ҳунармардони тоҷик, ба вижа ҳунарманди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё