Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

наберагонам донанд фахр кунанд онҳо китобҳои шахсияти бузург
Ҳошим Гадоро хондаанд ва доранд

Emomali Safarov - Агар имконият медоштам тамоми китобҳои устод Ҳошим Гадо - ро худам танҳо мехаридам ва ба ҳар дӯстам яктогӣ тӯҳфа мекардам! Бадбахтона ҳоло донишҷӯяму ин имкон бароям даст намедиҳад, аммо медонам, ки бо чунин мақсад танҳо ман нестам ва ҳатман пайдо мешаванд нафароне, ки устодро дастгирӣ хоҳанд кард.

Тоҳир Назар - Аз соли 2011 то инҷониб бо Устод хостам ва қисме аз андешаҳояшро дар хазинаам дорам, ки қисмеашро ба муносибати 80 солагияшон (сентябри 2017) ба шакли китобат (бо номи ҲОШИМ ГАДО) расонидаам, ки бозгӯест аз зиндагинома, фаъолияти корӣ ва вопасин орзуҳояш. Нисбати китобфурӯшиҳош, ки ин ҷо гулкорӣ кардед сад дар сад аст. Дар ин қисмати зиндагияш низ борҳо ҳамроҳияш кардаам... Дуруст аст, ки рӯзе аз ҳамқадам будан бо У ифтихор хоҳем кард.

... Ҳар он нафаре, ки агар Ӯро дидаӣ бешубҳа метавон гуфт - ман СУХРОБ, ЭДИП... ва СПАРТАК - ро аз наздик дидам................

Алишер Кабиров - Дар пеши чашми хуршед арчанд кам набудем, Кам дида чашми камбин, камтар шумурда моро.
Гумкардаҳои моро ҳар зиндадил биёбад, Дилмурдагон валекин хонанд мурда моро!

Мавҷуда Ҳакимова - Ёд дорам дар тарабхонаи «Гранд отел» тӯйи писарам буд. Касе гуфт, ки дар берун соҳибони тӯйро касе дидан мехоҳад. Беруни тӯйхона баромадам, устод Ҳошим Гадоро дидам. Баробари дидани устод хеле хурсанд шудам, ҳарчанд медонистам, ки ӯ маро намешиносад. Ин мо будем донишҷӯёни солҳои 1980 то 1986 ошиқи Суҳроб ва шоҳ Эдип. Аз тамошои образҳои офаридаи УСТОД серӣ надоштем. Гаштаву баргашта ба театр ба тамошо мерафтем. Хулоса УСТОДРО ба дохили тӯйхона таклиф кардам, он кас рад карданд ва гуфтанд, ки китобашонро мехоҳанд фурӯшанд. Ба хотирам суҳбате, ки бо дӯсти донишгоҳиям Акбари Саттор соли 1999 доштем омад. Дар вақти суҳбат ӯ гуфта буд, ки ҳамин хел шахсияти бузург имрӯз ба дастгирӣ ниёз дорад.....

Хулоса, ба устод гуфтам, ки чанд дона китоб барои фурӯш
ҳозир доранд ман ҳамаашро мехарам. Аз ин пешниҳоди ногаҳонӣ
устод низ ҳайрон шуданд, ба фикрам то ҳол ягон харидор

пешина
аз 213
навбатӣ