Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

имкон дастам медод ҳама он китобҳоро мехаридам. Аммо бо андӯҳи зиёд ....!

Шуҳрати Раҳматулло - Устод Раҷаб Мирзо Худо аз Шумо розӣ бошад!

Ато Мирҳоҷа - Домулло Мирзо, ман ҳеҷ намефаҳмам, ки устод Ҳошим Гадои камбағал барои чопи китобҳояшон аз куҷо ин қадар пул меёбанд?

Саodat Odinazoda - Устод Ҳошим Гадо, марди бениҳоят бономус ва боғурур ҳастанд. Мутаассифона шароити пасти иқтисодӣ, сари баланди ин ҳунарманди боистеъдодро назди ҳар марду номарде ҳам кардааст... Агар ӯ ба мисли бисериҳои дигар санохонӣ мекард, шояд ҳоло бо "ишками дам" мегашт. Ӯ ҳеҷгоҳ ба ман-и худаш, ба касбу ҳунараш хиёнат накард.

Sharofiddin Abduloev - Биноҳои нав бениҳоят зиёданд, мешуд ки дар рустои марказӣ дар якум ошёнаи бино як китобхонаи хурде ба номи устод гузоред ва китобҳояшро дар як гӯшааш ҷой диҳед.

Sharofiddin Abduloev - Бисёр шахсоне буданд ки солҳои нотинҷӣ дар вақтҳои вазнин, ки ватан ба онҳо ниёз дошт аз ҷонашон тарсида гурехта рафтанд, чаро онҳоро боз пас хонда қадрдонӣ карданд аммо Ҳошим Гадои ба ватан хизмат карда, сутуни тиллои театри тоҷик аз назари хотир дур монд...

Меҳроб Ҷумаев - Ҳар нозе, ки Ҳошим Гадо мекунад, ҳақ дорад. Мо ҳама, аз мансабдори сатҳи олӣ то шаҳрванди одӣ бояд нозбардор бошем. Аслан мо ба қадри бузургони худ дар зиндагиашон кай расида будем? Ҳошимро аз саҳнаи театр дур кардем, Ҷӯрабекро аз саҳнаи мусиқиву телевизион. Яккатози санъати мусиқӣ Давлатманди Хол гардидааст. Бисмиллоҳ гуфта, ҳар шабакаи телевизиони тоҷикро ба кор андозӣ садои ӯро мешунавию симои ӯро мебинӣ. Инҳо шабакаҳои телевизиони як миллатанд ё шабакаҳои шахсии Давлатманд. Инсоф ҳам лозим. Охир, садову симои "зебо"-и Давлатманд на дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон писанд аст.

Умедали Соатов — Ҳайфи чунин «абармарди санъат»-и тоҷик ва ҳайфи чунин ҷамъе, ки инсоният танҳо қадру қиммати худро бо пулу мансаб ҳифз мекунад, на бо илму адаб.

Фарзона Наимзода — Ҳошим Гадоев шахсияти нотакрор, фахри миллати тоҷик аст. Бсёриҳо аз рӯзгори ӯ хабар надоштанд. Ман мехоҳам аз китобҳои устод харидорӣ намоям то оянда.

пешина
аз 213
навбатӣ