Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
ЧунКИ ёфтану гум кардан доимо дар ду паҳлӯи тарозу будааст.
Чанд андеша гирди чанд эрод
Рӯзҳои ҷашни соҳибистиқлолии кишварамон соли гузашта «Рӯдакӣ»-и устод Сотим Улуғзода рӯйи саҳнаи Театри давлатии -академии ба номи Лоҳутӣ бори севум рӯид. Тамошобини зиёд хуш истиқболаш карданд ва ҳанӯз доранд. 20 декабри соли 2008 доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов такризе бо номи «Бозгашти сеюмбораи «Рӯдакӣ» ва бурду бохти намоиш» чоп кард. Муаллифи такриз саҳнаро рӯйи варақ оварда, пеши хонанда гузошта изҳори назар менамояд. Ба андешаи ман чунин гузориш равост. Зеро, аввал ин ки, хонандаи саҳнаро дида бори дигар ҳамроҳи мақола сайри намоиш мекунад ва ба муқоиса мегирад, ки чиҳо аз мушоҳидаи ӯ берун мондаасту чӣ чизе аз мушоҳидаи муаллифи мақола. Дувум, хонандагоне низ ҳастанд, ки ҳанӯз саҳнаро Надидаанд ва аз рӯйи мақола ошно мешаванду худро барои тамошон боэътиборона омода месозанд. Муаллиф чанд эрод ҳам гирифта, ки мехоҳам гирди онҳо изҳори андеша кунам:
- «Вале дар экран нишон додани ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва лаҳзаҳои дигар зиёдатист. Меъёр набояд фаромӯш гардад» - менависад Низом Нурҷонов.
Ба андешаи ман, саҳна аз як истиқлолияти пешини тоҷикон (рӯзгори Сомониён ва асосгузори он) дар рӯзгори истиқлолияти нав ҳикоят мекунад, чӣ бадӣ дорад, ки як бори дигар Исмоили Сомонӣ ва ҳайкали Рӯдакӣ чеҳра намояд ва бо чеҳранамоӣ бигӯяд: мо чӣ кардему наберагони мо фиреби муфсидон хӯрда чӣ пеш оварданд?
Яъне як чеҳраи огоҳгар барои имрӯз ва имрӯзиён як лаҳза зуҳур мекунаду бас. «Лаҳзаҳои дигар», ки муаллиф зиёдатӣ мешуморад, нимдавраороии аҳли саҳна аст, ки якҷоя суруди «Бихандад лола бар саҳро»-и Рӯдакиро мехонанд ва сурати Президенти имрӯзаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи экран мебарояд. Суруд ифодагари он ки устод Рӯдакӣ баъд аз 1150 сол низ ҳамроҳи халқи худ аст ва хиради халқ ҳанӯз фарзанди фарзонаи худро рӯйи каф дорад ва шарики шодии имрӯзааш медонаду ояндааш низ. Ва пайдо шудани сурати Президенти имрӯзаи кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънист, ки ҳарду истиқлолият (ҳам пешин ва ҳам ҳозира) дар фосилаи зуҳури

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё