Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
ҳамин ду марди бузург аст, чун ҷашн ҷашни истиқлолияти имрӯзӣ аст ва фарҳангпарварии рӯзгори Исмоили Сомонӣ имрӯз низ бо ҳамон муҳаббат зинда мебошад ва зиндадори он оғози зебо.
-
«Занони муштипар аз паси мардони бегуноҳашон гирён равонанд, писарбачаи яке аз онон сӯйи падари бадбахташ шитобида ба чанголи сарбозе меафтад ва модар ӯро аз дасти сарбоз наҷот медиҳад. Ин лаҳзаҳо наванд. Аммо галогулаи зиёдатӣ созгор нест», -меорад муаллиф. Ҳангоме модар хатар ба ҷони фарзандашро ҳис мекунад, чӣ гуна шӯр набардорад? Ва бонги модар бонги бедорист, ки дили ҳамаи тӯдаи гирифторро ба таппиш медарорад ва хомӯшии дердавоми то ин соата якбора метаркад ва зан ҷанг ба гиребони сарбоз мезанад ва ӯро меафтонад... Ва ин изҳори қудрати зан -модар низ ҳаст. Дар зиндагӣ бисёр ҷиҳо носозгор метобанд, вале онҳо зуҳур мекунанд ва пеши мо ҳозиранд. Ба ҷуз ин, на танҳо дар он рӯзгори дур, имрӯз низ яроки занҳо гавғост. Барои он ки мубоҳисаи беғавғои мантиқӣ рӯ занад, мебоист саҳнаи дигар, дар ҷои дигар, дар шароити дигар ва дар замони дигар офарида мешавад ва дар сатҳи дигар, яъне на бо онҳое, ки агар салларо биёр гӯянд, калларо меоранд.
-
«Замоне тамошобинон театри академиро барои он дӯст медоштанд, ки вай бо беҳтарин намоишҳояш бинандаро сахт ба ваҷд меовард. Бисёр намоишҳои чандин соли охир нишондодашуда исбот намуданд, ки театр дастовардҳои устодонро аз даст додааст. Яке аз сабабҳои кам шудани шумораи тамошобинон ҳам дар ҳамин аст» -мегӯяд Низом Нурҷонов. Ҷаҳон нав мешавад, вале мо дар ҳасрати кӯҳна, ин як. Саҳнаи зиндагӣ аз саҳнаҳои эҳсосбози театрҳо хеле боло рафт, ин ду. Пуршавии театрҳо аз тамошобин ҳанӯз на аз зӯрии намоиш аст, на намоишгарон ва на нишони завқи баланди ҳамаи ин тамошобин. Театрҳои мамлакатҳои пешрафта ҳамеша пуродам, вале чӣ қадар намоишҳои дупула ба такрор низ гузошта мешаванд? Онҳо барои он ки шумораи тамошобинро ҳар чӣ биафзоянд, он қадар ҳам ба урёнтарсозии актрисаҳо низ кӯшиданд ва аз як тассубшикани ба сӯйи таъссуби дигар роҳ паймуданд. Навоҳои замонӣ ҳам ба саҳнаҳои кӯҳна дароварданд. Дар кинои «Ромео ва Ҷулетта» тайёраву қатораву мошинҳои ҳатто охири асри XX-ро мебинед. Ва инсон кай аз як таъссуб ба таъссуби дигар назада буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё