Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳошим ГАДО:
БУРДУ БОХТ Ман аз нақшофари пири солҳӯрда пурсидам, ки чаро Шумо ғамгинед? Нақшофар гуфт: Ман ҳазору як дард дорам. Кадоминашро ба Шумо гӯям?
Нагуфтанамро барои ҳам шумо ва ҳам худам авлотар ва беҳтар мешуморам.
Камбағал барои он, ки доро бишавад, бояд бидавад.
Агар камбағал надавад, ҳеҷ гоҳе доро намешавад.
Камбағал агар надавад, як умр гурусна мемонад.
Шаҳсе, ки мубориз аст, бохтанаш номумкин аст.
Инсоне, ки мубориз нест, дар зиндагӣ ӯ аллакай бохтааст.
Беҳ он ки умратро дар мубориза сарф бикунӣ.
Мубориз бош на тарсу.
Ҳошим ГАДО:
ВАСИЯТҲОИ ҲОШИМ ГАДОИ ТУ
Худатро аз худат пинҳон бикун.
Ҳар чӣ бо ту дар ботинат ва дар зоҳират ҳаст, аз чашми бегонагон пинҳон бикун.
Ҳамеша ва бештар забонатро дар паси дандонҳоят пинҳон бикун.
Даҳонатро баҳуда беҳуда макушо.
Фикру андешаҳоятро аз мардумон пинҳон бидор.
То оне, ки фикрат андешаат напазад, ӯро яъне фикратро ошкор макун.
Агар фикреро гуфтаниӣ чунонаш бигӯй, ки осмони беохир дар ҳайрат бимонад.
Ҳар чиро ки гӯш кардӣ афсӯс махур.
Ҳарчӣ дарёфтӣ, зуд шодӣ макун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё