Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Раҳмат, дӯстам, — ташаккур намуд сержант тамокуро бо ҳузур кашида. — Федька, зуд бош!
— Чӣ?
— Лентаи дигарро тайёр кун, аз афташ фрицҳо ба ҳуҷум мегузаштагӣ барин. Онаашонро нишон додан даркор! — шери маст барин дандонҳояшро ғаҷаррос занонида, беором тир холии мекард сержант.
Ногоҳ душман нуқтаи оташфишонии моро фаҳмиду тирборон кард. Гурӯҳи душманон гавак кашида сӯи мо меомад. Федька ҳамон дам паси ҳам ду граната ҳаво дода, аз автомат беором тир холии кардан гирифт. Ҳамаи даҳ-дувоздаҳ нафар фриц замин газида монд. Сержант Журавлёв, ки дар ин муддат ҷои пулемёти худро нав карда буд, оташфишониро давом медод. Вале душман ҷои навро ҳам ба нишон гирифт. Якбора ба сержант ду тир расиду аз қатор баромад. Федька ба доду войи ҷӯрааш нигоҳ накарда, ӯро озод бардошта, ба қафо бурд.
То баргаштани Федька ман тирпаррониро давом додам. Ногаҳон тире ба китфи ростам расиду як дастамро аз кор баровард. Хушбахтона Федька ҳамроҳи ду аскари дигарамон ҳозир шуд. Онҳо зуд пулемӯтро дигар хона бурда, тирпаррониро давом доданд. Федька аз бағали ман гирифта, ба сӯи қисми санитарӣ мебурд. Мо аз нуқтаи оташфишонӣ хеле дур рафта будем. Ногоҳ самолётҳои душман пайдо шуда, шаҳри вайрону валангорро боз бомбаборон кард. Ин ҳодиса ба болои сӯхта намакоб шуд. Ба Федькаи далер, ки маро ба қисми санитарӣ мебурд, оҳанпорае расид... Ҷасади ӯро ба занбар андохта рафтанд. Маро ба ноҳияи дигар бурданд. Операция карда, тирро гирифтанд.
Рӯзи дигар худро дар як хонаи на он қадар калоне дидам. Дар паҳлӯям зани либоси сафедпӯш ва як ҷавони қоматбаланди китфвасеъ ва гандумгуне менишастанд. Ба чашмонам бовар накарда, як-ду маротиба кушода пӯшидам. Бо тезӣ аниқ карда натавонистам, ки хобам ё бедор. Кадре худро ба даст гирифтаму чашмонамро кушода, ба шинохтани ҷавони рӯйгарм ҳаракат кардам. Охир шинохтам: ӯ ҳамкасбу ҳамкорам Аҳмадҷон Муҳаммадҷонов буд. Мехостам ба оғӯш гираму бӯсам, ҳол пурсаму ҳол гӯям. Афсӯс, илоҷи ҷунбидан надоштам. Чун кулӯхи бачаш аз рухсораш нигоҳамро намекандаму ашки шодӣ мерехтам. Ӯ чиҳо гуфтанӣ мешуд, вале зани либоси сафедпӯш гап задан намемонд. Бо имою ишора илтимос мекард, ки гап назанад ва тезтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё