Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

равад. Аҳмадҷон ночор аз ҷояш хеста, бо имою ишора хайру маъзур кард ва бо дастонаш фаҳмонд, ки боз меояд ва аз аҳволи ман хабар мегирад.

Рӯзи дигар ҳамшираи шафқат оҳиста ба паҳлӯям нишаста, аз зери болинам мактуберо гирифта гуфт:

— Мана, ин мактубро ҳамон ҷавоне, ки дина омада буд, ба ту монда рафт. Ман мунтазир будам, ки кай беҳтар мешавӣ ва мехонӣ. Бо кадом як хуруфоти қачалаку бучалак навиштагӣ.

Мазмуни мухтасари мактуб тахминан ин тавр буд: «Бародари азизам, фалонӣ. Мо роҳгузар будем. Дар ин ҷо ярадорони бисёр буданд. Аз рӯйхати ярадорон Салимов ном ҷӯраамро кофта, ба номи шумо дучор шудам. Дар ҷону ҳоли духтарон намондаам, ки як бинам. Муваффақ шудам. Аммо афсӯс, ки имконияти бо шумо гап задан нашуд. Ҳафа нашавед, саҳл нагуфта сиҳат мешавед. Духтарон ҳамин тавр гуфтанд. Муҳаммадҷон Нурматов ва Йӯлчӣ Бобоев ҳам дар фронт. Ҳар дуяшон дар як дивизия. Маълум мешавад, ки ҳар ҷӯрамон дар як фронт будем. Дар хотиратон ҳаст, дар редаксия чӣ хел сӯҳбат карда будем? Хеле шодам, ки ҷӯрамон ҳам ба орзуямон расидем.

Мебахшед, вақти рафти поезд шуд. Мо ба фронт равонем».

— Оре, дӯстам, — гуфтам худ ба худ, — ҳар ҷӯрамон ҳам ба орзуямон расидем!

РӮЗИ АВВАЛ

Баробари ба хатти якуми фронт расидан ба окоп даромадем. Равшантараш, ҷои аз қатор баромадаҳоро иваз намудем. Субҳ дамида зарраҳои барфи ҳардамхаёл ба рӯи тасфонамон мерасиданду буғ мешуданд. Зеро ҳаждаҳ километр роҳи қачукилеб ва ноҳамворро тай карда, ба обу арақ ғӯтида омада будем мо.

— Ҳой, хомакҷаҳо, саросема нашавед, — таъкид намуд серҷанте, ки моро қабул карда буд. — Куҷоеро нишон диҳам, аз ҳамон ҷо начунбед, бе иҷозати ман тир напарронед. Фаҳмо? Ҳозир вақти ноштои фрицҳо мешавад. Бачагарҳо одамони ниҳоят аккуратний. Дар вақташ тирдони милтикро холӣ мекунанду дар вақташ шикамро пур. Фаҳмо?

— Фаҳмо, — гуфтем.

пешина
аз 323
навбатӣ