Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Гир инро!
— Чӣ?
— Аракҷон-дия. Нӯш, ҳузури ҷон кун.
— Не, наменӯшам, — рад кард Офат.
— Гир! Ҳанӯз ҳеҷ кас аз ман ин гуна саховатро надаидааст. Дуруст мегӯям, рафиқ лейтенанти калон?
— Рост. Гирифтан гир. Старшина шояд имрӯз бо дасти рост аз хоб хеста бошад? — гуфтам. Офат ба ман нигаристӣ ишораамро фаҳмида, кружкаро бардошт, дам нагирифта нӯшид.
— Гир, гӯштин, — ба консерва ишора кард старшина, — махсус барои ту. Раҳмат ба ту, дуои аспҳоро гирифтӣ. Акнун то беда омадан мерасад. Худаш ҳам арвоҳ барин шуда монда буданд, аспҳои бечора. Охир, онҳо ҳам ҷон доранд, барои фронт хизмат мекунанд, онҳо набошанд, тачанкаҳои моро кӣ мекашад? Борҳоямонро кӣ мебурд?
Офат бо шитоб берун баромад ва дар як даст шишаи калону дар дасти дигар чизи коғазпеч баргашт. Мо ҳайрон шудем.
— Аз шумо тарсида, дар берун пинҳон карда будам, — ба рӯи стол монда истода давом намуд Офат, — инаш самогон, инаш шпек.
— Оҳ-ҳо-о, аз пан маншати худат ҳам шуда будӣ-дия, — ҳузур кардагӣ барин лаб лесида монд старшина. Ман хафа шудам. Гумон кардам, ки Офат боз қиликашро сар кардааст. Ӯ ҳамоно авзои маро фаҳмид.
— Мебахшед, рафиқ лейтенанти калон, — узр хост Офат, — ман надузидаам. Ҳатто напурсидаам, худашон доданд. Аз номи мо ба ҳамяроқонат тӯҳфа бар, гуфтанд. Ҳаво хунук, танашонро гарм карда, душманро тезтар кӯбанд, гуфтанд.
— Намаку собунро додӣ? — пурсид старшина.
— Аввал нагирифтанд. Ба ивази хошок бошад намегирем, гуфтанд. Хошокро барои фронт, барои ғалаба медиҳем, гуфтанд. Не, инро барои шумо тӯҳфа овардам, гуфтам. Баъд ҳамаашон тақсим карда гирифтанд. Лекин хурсанд шуданд. Намак анқо будааст.
— Ин тавр бошад, як мазаашро бинем? — ба ман рӯ тофта, чашмакӣ зад старшина.
— Хайр, модоме ки тӯҳфа будааст, камтар нӯшидан мумкин, — гуфтам. Ба «пуф» маҳтал барин Офат ҳамоно серкор шуд. Кружкаҳои ҳар дуямонро ҳам ба рӯи стол гузошта, аз самогон пур кард.
— Хайр, барои ғалаба!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё