Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҷанговарони хеле бомаҳорату зирак. Ҳар кадоми онҳо аллакай даҳҳо солдатҳои гитлериро нобуд карданд.

Ҳамроҳи ординарец Резников ба сӯи мавқеи взводи сеюм равона гаштем. Роҳ кӯтоҳ, вале хавфнок буд. Аввал қариб сад метр ба пастхамӣ рафтемӣ, баъд ба роҳи ноҳамвор баромадем. Мебоист аз баландиҳои хурду калон даме гавак кардаю даме бо чаққонии том ҳаллос зада-ҳаллос зада, чашми душманро хато кунем. Бо вуҷуди ин душман медидӣ, дарҳол паси ҳам чанд тир равона мекард. Хушбахтона, тирҳо аз болои сар ва баногӯш хуштак кашида мегузаштанду ба нишон намерасиданд.

Ба хандақҳо хеле наздик расида будем. Ногоҳ дуртар аз ман тири миномёт тарқиду хоку барф пош хӯрда, ба сару рӯям фаромад. Зуд худро ба хандақ ҳаво додам, аммо Резников ҳанӯз аз ҷояш намеҷунбид. Хавотир шудам.

— Резников, чаро шах шуда мондӣ?! Бош тезтар! — хоку барфи сару рӯямро афшонда-афшонда боз пурсидам, — Резников! Ту зиндай?!

Аз ӯ садое набаромад. Гумон кардам, ки ҳалок шуд. Андак дуртар бошад ҳам, ба воситаи хандақи вайронаи тарафи рост қафо гашта, ба Резников наздик шудам ва хостам ӯро аз пояш ба поён кашола кунам. Баробари дастам ба пояш расидан як қад париду нимхез шуда, худро ба хандақ ҳаво дод. Ба назарам, ӯ аз ҳуш рафта будааст ва дар аснои андак ба ҳуш омадан дастони маро дасти душман пиндоштааст. Ман аз сари нав ба хандақи аввала рафтам. Резниковро дар ҳолати беҳушӣ ёфтам. Сари пурхоку ҷангашро болои як дастам гузошта, хоку лои лабу даҳонашро пок кардам ва аз обдон каме об нӯшондам. Ӯ чашмонашро нимроғ карда, маро диду мулоим табассум кард.

— И-е, ин шумоед, рафиқ командир?

— Ҳа, ман. Ба ту чӣ шуд? Ягон ҷоят захмдор шуд, магар?

— Чӣ мегӯед?

— Ба куҷоят тир расид?

Ӯ ба китфи росташ ишора кард. Дар ҳақиқат рӯнкаф барин шинелаш даридаю овезон буд. Бинам: фалакқос зада хун мебарояд. Чӣ кор карданамро надониста, ҳайрон будам. «Хизрро интизор шавӣ, бо пояш меояд» гуфтагӣ барин аз муқобил ҷавонзани дар бари остинаш солиби сурхдор пайдо шуд. Ӯ хеле саросема ва

пешина
аз 323
навбатӣ