Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Малинин низ ҳар боре ки рӯ ба рӯ шавад, ҳазломез механдиданд.
— Сашка, хоб ширин ё ҷон?
— Хоб, рафиқ капитан, — ҷавоб медод Фёдоров. Ҳама механдиданд.
Ҳа, ӯ ҷавони хушчакчак, беғараз ҳам буд. Ҳар чӣ қадар ҳазлу шӯҳӣ кунед, мебардошт.
Рӯзе дар бешазоре ҷамъомади командирони рота барпо гардид. Баъд аз он, ки мақсади ҷамъомад ҳал гардид, аз рӯи одати ҳарвақта дастмояи ханда хоби Фёдоров шуд. Дар ҳаққи ӯ ҷиҳо намегуфтанд. Кошки ягон эътироз кунад. Баръакс чунон механдид, ки чашмони гӯсфандиаш дар зери қавоқҳои овезонаш пинҳон шуда, аз байни мижгони зарди сафедчатобаш ашк ба рӯи фарбеҳу серхунаш шорида, то лабҳои ғафсаш мерасид.
— Комбат гуфт, ки, — ҳазл намуд дар навбати худ ёрдамчии политрук, — Фёдоров ба фронт фақат барои хоб омада бошад, аз мансаби командирӣ озод карда ба батальони ҷаримавӣ мефиристем. Хушёр шав-дия, ҷӯраҷон, ҳазл боз ба ростӣ нагардад.
— Як пулемӯтро ба дастам диҳанду ба ҷаҳаннам фиристонанд ҳам, майлаш, — гуфт Фёдоров чашмонашро бо рӯймолчаи гулкори бениҳоят бенураш поккунон.
— Оҳҳо, бо пулемёт овара шавӣ, ба ҷон ту кӣ хоб мекунад?
— Камаш панҷоҳта фрицро «ба охират командировка карда», ана баъд се шабу се рӯз мехобам, — бо завқ хандид Фёдоров.
— Дар хоб ё бедорӣ?
— Гапата бин-а... Ман ният карда будам, ният. Мефаҳмӣ? — гуфт Фёдоров. — Ба маҳбубаам ҳам ана ҳамин хел мактуб навиштагӣ ман. То панҷоҳтаашро қир накунам, барнамегардам, гуфтам.
— Зинда наравӣ чӣ?
— Қаҳрамонон намемиранд, — гуфт шӯхиомез Фёдоров.
Ин сӯҳбат як моҳ қабл шуда буд. Мана, имрӯз комбат хавотирӣ мекашад, ки «боз вай беғами хоболуд корро расво накунад?». Ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин. Ба ҳар ҳол, биёед мавқеи ба взводи ӯ вобастаро хабар гирем. Дар ҳақиқат чаро садои пулемётҳояш суст шуда монд? Наҳод ҳамаи пулемётчиён аз қатор баромада бошанд? Албатта, ҷанг-ҷанг аст. Яке аз қатор мебарояду дигаре медарояд. Вале пулемётчиёни мо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё