Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

парешонҳол менамуд. Тез-тез нафас кашида бо сӯзу гудоз гап мезад:
— Имрӯз ярадорон бисёр. Хайрият вазнинаш кам.
Ба медсанбат барам, гӯям, не дар ҳамин ҷо муолиҷа кунед, мегӯянд. Охир, дар ин ҷо чӣ хел муолиҷа мекунам? Фақат яра баста метавонам. Аҳволи пулемётчии шумо ҳам нағз не. Якчанд нафарашон ҳалок шуданд, баъзеҳояшон ярадор. Се нафарашонро ба медсанбат фиристондам.
— Шумо аз паи ин кас шавед, ман ҳозир меравам, хоҳарам,— гуфтам,— як илоҷе карда тезтар ба медсанбат баред. Дар роҳ ба Сергеев хабар диҳед, ки зуд чор нафарро ба взводҳои дуюму сеюм фиристанд. Фаҳмидед, хоҳарам? Дар хандақи тарафи рост гузаред. Ин тараф хеле хавфнок.
Ба нуқтаи якуми пулемётӣ расидам. Дар ҳақиқат, пулемётчии номӣ Максим Широков якдаста «Максим»-ро идора мекард. Тиркашон Хайруллин бо як дасташ лентаро дошта, бо дасти дигараш маҳорка мепечонд.
— Беҳуда тир накушоед,— таъкид кардам ба онҳо, сигарети тайёрро дароз карда, — беҳтар, ки лентаи пурро гузаронед. Бигузор наздиктар оянд.
— Хуб, рафиқ командир,— гуфтанд ҳар ду баробар.
— Ту чаро ба медсанбат нарафтӣ?— пурсидам аз Широков.
— Ҳеҷ гап не, рафиқ командир,— беэътиноёна ҷавоб дод ӯ.
— Ё ин дастатро ҳам аз кор бароварда, баъд меравӣ?
— Қирои медсанбатравӣ не, рафиқ командир,— гуфт Широков даст афшонда,— фақат як дастам. Ба назарам, ба устухонаш зарар нарасидагӣ барин. Ҳеҷ гап не, бо як даст ҳам нағз андохта метавонам. Мана, ин гӯяд,— ба Хайруллин ишора кард, — бад не-а, ошно?
— Ҳеҷ набошад, пулемётро ба Хайруллин дода, ту ёрдамчӣ мешудӣ, беҳтар мебуд.
— Ҳарчанд гуфтам, қабул намекунад,— бо оҳанги эътироз гуфт Хайруллин, лентаи навро ба дандонаи пулемёт гузаронида истода.
— Охир, рафиқ командир, худатон медонед-ку. Рӯзе, ки ҳамин пулемётро қабул кардам, қасам хӯрдам, ки ё бо ҳамин ҷангро тамом мекунам, ё мемураму ин аз дасти ман халос мешавад. Охир, ҳар дуямон ҳамном-ку.
Максим ғалаба мекунаду халос,— аз рӯи одати ҳарвактааш мили пулемётро бӯсида монд. Ду Максим. Оре,

пешина
аз 323
навбатӣ