Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нафар асир дошт. Ҳамин тавр, аксари вагонҳои асирони ҳарбӣ ба вагонҳои пур аз гӯшт табдил ёфтанд...

Оҳ, ҷанг чӣ хел мусибати калонест! Дар он раҳму шафқат фаромӯш ва одамият беқадру қимат аст. Ҳукмрон мегардад танҳо хашму ғазаб, кинаю адоват ва нафрат!

Солдатҳои саломатмондаро ба гурӯҳҳо тақсим карданд. Офицере, ки вазифаи сардори эшелонро ба ҷо меовард, ба ҷанговарон рӯ оварда гуфт:

— Роҳи оҳан кай холӣ мешавад, маълум нест. Амро барои пиёда рафтан камаш панҷ рӯз лозим аст. Мунтазир мешавем ё пиёда меравем?

— «Интизор бадтар аз ҷонканӣ», гуфтаанд, — як қадам ба пеш баромада, гуфт аскари паҳлавонҷуссае.— Даҳ рӯз бошад ҳам, пиёда меравем. Мана, якум шуда пеш медароям.

— Рост мегӯяд, — илова намуд Иброҳим Раҷаб,— мо дар пиёдагардӣ машки расо дорем. Роҳи панҷрӯзаро дар чор рӯз тай карданамон мумкин.

— Барои чӣ дар се рӯз мумкин не? — пурсид офицер дар зери лабаш хандида. — Шояд фронт мунтазири мо бошад. Чӣ гуфтетон, дӯстон?

— Дар ду рӯз ҳам мумкин, — ба гап ҳамроҳ шуд Абдуллоҷон-ака.— Рафиқони мо дар он ҷо хун рехтаю ҷон медиҳанд. Чаро мо холишавии роҳро мунтазир мешудаем? Худи ҳозир ба роҳ даромадан даркор. Мана, ман ҳам ба роҳ медароям. Кӣ виҷдон дошта бошад, барояд! — худ се қадам ба пеш баромад.

Ман, Муфтоҳиддин-ака, Иброҳим Раҷаб аз саф баромадем. Дигарон ҳам яку ду аз қатори мо ҷой гирифтанд.

— Раҳмат, дӯстон. Ҷанговари ҳақиқӣ бояд ҳамин тавр бошад, — хурсанд шуд иҷрокунандаи вазифаи сардори эшелон.— Шумо ягона коммунист будаед, — ба ман рӯ тофт ӯ,— шумо гирифта меравед!

— Хуб, ман гирифта меравам, — ҷавоб додам ҳамоно.

— Мана ин маршрут, мана ин компас, — ба дасти ман супурда илова кард: — Роҳи сафед, дӯстон! Ба ҳамаатон муваффақияти ҷангӣ орзу мекунам!

Ҳамин тариқ, роҳи панҷрӯзаро дар се рӯз тай намуда, ба ҷангалзоре расидем. Моро дар он ҷо интизор буданд. Худи ҳамон шаб ба взводҳои камқувватгашта тақсим карданд. Субҳи рӯзи чорумро мо дар хандақҳо пешвоз гирифтем.

пешина
аз 323
навбатӣ