Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хари гадо аст», «аз сангпушт ҳам дамхур мешудагӣ барин-ку!».

— Ҳама ба вагонҳо! — ногаҳон фармони даҳшатноки сардори эшелон ба гӯш расид. — Зуд бошед! Зуд!

Касони дар берун буда худро тирвор ба вагонҳо гирифтанд. Поезд андак ҳаракат карда, суръаташро чунон шамол барин тез намуд, ки гӯё чархҳояш аз хатти оҳанӣ канда шуда парида мерафтанд. Вай худро ба оғӯши ҷангалзоре гирифту фурсате нагузашта, таркиши бомбаҳои самолётҳои душман ба гӯш расид.

Ин бӯи аввалини ҷанг буд, ки димоғи касро мехарошид. Аксари мо ҷангро шунидаасту на ба гӯшаш овози тӯп расидааст ва на ба димогаш бӯи борут.

Поезд дар истгоҳи на он қадар калоне қарор гирифт. Дар хатти паҳлӯи чап поезди пур аз асирони фашистӣ меистод. Паҳлӯи рост майдони васеъ, он тарафаш ҷангалзор. Барфи ду-се рӯз пеш борида андак об шуда, рӯяш қаймоқ бастааст. Ҷанговарон гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар майдон машғули бозиҳои спортӣ буданд. Хирагии осмон ба ранги хокистар шабоҳат дошт ва паррандае пар намезад. Ҳар замон самолёте пайдо шуда, дар атрофи вай коса-коса дуди ғафс пайдо мегашт. Ҷанговарони нав гумон доштанд, ки ин машқи самолётҳои худамон бояд бошад. Сонӣ маълум шуд, ки самолётҳои душманро зенитчиёни мо тирборон мекарданд.

Ман бо куртаи таг нишаста, ба гиребони гимнастёркаи худ зеҳҷайб медӯхтаам. Муфтоҳиддин Ҳисомови конибодомӣ тугмаи шинелашро мешинонд. Ду-се кас дар платформаи дар рӯ ба рӯ буда рост истода, рӯ ба осмон чизеро тамошо мекарданд.

— Нигоҳ кунед, нигоҳ кунед!

— Э-э, самолётро меандохтаанд!

— И, ана зад! Самолёт алав гирифт!

— Ана, лётчикаш худашро партофт!

Ҳама саргарми тамошои самолёти сарнагун шудем. Дар ин ҳангом аз қафо чор самолёти бомбаандози «Юнкерс» пайдо шуда, чунон бомбаборон ва пулемётҳояшон чунон тир холӣ карданд, ки баён кардан мушкил аст. Вагонҳо аз зарби таркиши бомбаҳо хез зада, боз ба роҳашон меафтиданд. Ман ва Муфтоҳиддин-ака аз саросемагӣ ба зери тахтасуфаҳои вагон даромада рафтаем. Бомбае як тарафи вагони моро канда ба дур ҳаво дод. Ба вагони ҳамсоя се бомба афтид. Ман бо чашмони худ дидам, ки аз як вагони асирони ҳарбӣ хун об барин мешорид. Зеро ҳар як вагон тақрибан панҷоҳ

пешина
аз 323
навбатӣ