Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гум карда монд. Ҳамин тариқ, чор пункти аҳолинишинро озод карда, ба панҷумаш расида мондед. Муттаҳамҳо ба ин қишлоқ кана барин часпида гирифтанд. Ба назарам зӯр омад, ки батальони «СС»-ашонро ба ҷанг дароварданд. Ба ҳар як солдати мо қариб ду-той душман рост меомад. Чӣ бояд кард? Аз як тараф қувваи нобаробар, аз тарафи дигар фармони сарфармондеҳ: «Ҳуҷум! Ҳуҷум!» Каллаҳо гич шуданд. Лекин оҳанро дар тасфониаш зан гуфтагӣ барин пушти корро хунук кардан мумкин набуд. Аз тарафи дигар пешравӣ ба ҷанговар қувваи нав, илҳоми нав мебахшид.

Ҳавои берун торафт торик шуда, шамоли бӯрономезе омад, зарраҳои барфро то ба дарунтари заминкан пеш овард.

Пас аз он ки старшина ба иҷрои вазифаи навбатӣ рафт, майёр ҳикояти худро давом намуд:

Аз тайёрии ҳуҷум ба ҷанги мудофиавӣ гузаштем. Лекин худатон медонед, ки дар чунин мавриди ҷанги нобаробар тактика кор фармудан лозим. Ба лаби хандакҳои истеҳкоми аввала тоскулоҳҳоро қатор монда, ба ҳар ҷо-ҳар ҷо тирандозҳои ниҳоят чакқонро мондем. Мебоист онҳо ҳар замон тир холӣ карда, диққати душманро ба истеҳкоми аввала ҷалб намоянд. Аммо қувваҳои асосиро ба ду паҳлу гирифта будем. Ээсчиён бовар карданд, ки тарафи мо гӯё мадори муқобилият ҳам надорад. Аз ин рӯ, онҳо магрурона пеш омадан гирифтанд, онҳо ба истеҳкоми аввалаи мо наздик расида монданд.

— Оташ!!!

Ҳамин тариқ, қариб як батальон солдатҳои яккачини душман зери сели тир монд. Вале аз паси он батальони дигараш ба ҳуҷум даромад. Азбаски мо ҳам талафоти хеле калон дода будем, ба торумор кардани қувваи нави душман на илоҷ доштем ва на боварӣ. Бо вуҷуди ин, қарор додем, ки «ягон қадам қафо намегардем». Дигар чӣ илоҷ? Аз гурехтан номус мекардем. Ҷанги нобаробари даст ба гиребон сар шуд. Ана, дар ҳамин ҷанг бори дигар ба ирода ва маҳорати ҷанговаронамон қоил шудам. Чӣ мегӯед, ки дар ҳамин ҳангом қисми мададгор расида омаду душман ба гурехтан ҳам вақт ёфта натавонист... Мо якчанд ярадорони вазнин дар майдони ҷанг мондем. Захмдорон, ки хеле бисёр буданд, дасти хоҳарони тиб ба дасташон намерасид. Аз онҳо илтимос мекардам, ки аввал солдатҳоро кашонанд. Аввал ярадорони аз ман вазнинтарро бурданд. Дар охир ҳамин

пешина
аз 323
навбатӣ