Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
духтари бечора бори дигар омада, маро бо як азобу бе то ба ҳамин ҷо оварду...
Алам майорро гулӯгир карду ҳатто гирья карда натавонист. Ман зуд кружкаи чойро ба лабаш бурда, як қулт чой нӯшондам ва сигаретеро даргиронда доштам. Ӯ тамоку кашида, хеле хомӯш шуда монд. Дилдорӣ додаму фурсати мувофиқ ёфта, таклиф кардам қадаҳро ба хотираи ҳамон духтари шуҷоатманд бардорем. Ӯ рад накард. Каме хӯрок хӯрдем, тамоку кашидем. Ман ҳаракат кардам, ки ҷилави сӯҳбатро ба дигар сӯ кашола кунам. Вале ба оташи қаҳру ғазаби майор об пошида натавонистам.
— Бисёр дилам сӯхт, дӯстам, — беихтиёр мундштуки холиро бӯй карда монд майор. — Аблаҳҳо ду бародарам, занамро парронданд, аз тақдири ду бачаам хабар надорам. Оё ба кас алам намекунад? Гӯр як ҷони ман шавад, ақалан онҳо зиндаю саломат мебуданд. Ба замими ин, касофати ман ба вай духтари ягон гулаш нашукуфта ҳам расид. Қошки худи ман нобуд мешудам! Эҳ, лаънат ба ҷанг! Лаънат ба ҷангҷӯ! — асабӣ шуду дандонҳояшро гичиррос занонда, бо камоли ғазаб аз ҷояш нимхез шуд, таппончаашро аз ғилофаш гирифта, ҳамла карданӣ шуд. Мо секаса ӯро доштем ва ором кардем. Зӯри беҳуда дардашро ба чанд зарб заду фарёдаш дилҳоро обу адо кард.
Қариб як соат мунтазири бедоршавии майор шудем. Пас аз он ки андак дам гирифта, торҳои асабаш хаста шуданд, узрхоҳона гуфт:
— Дӯстон, мебахшетон. Ман андак беодобӣ кардам. Рафтори бачагона. Охир ҷанг бе қурбонӣ намешавад-ку. Шояд гумон кунед, ки ин майор девона шудааст?
— Ҳеҷ гап не, рафиқ майор. Асло ташвиш накашед. Аз одамони бӯи борут надида нестем-ку мо, — гуфтам ман.
Пардаи сиёҳи торикӣ паҳн гардид. Аз дари заминкаи замини ноҳамвор ба назар мерасид. Ҷанговарон хушу хурсандии худро давом медоданд.
Гурӯҳе аз онҳо ба оҳанги шӯхӣ гармон ҷӯр карда, чапак мезаданду яке ва ё якчанд баробар мераксиданд. Аз заминканҳо садои суруд ба гӯш мерасид. Дар байни онҳо овози дилпазири сержантҳо Читашвилию Курташвили алоҳида ҷудо шуда меистод. Ҳар дуи онҳо на фақат дар шаклу шамоил, балки дар хулқу атвор ҳам аз ҳамдигар фарқ надоштанд. Модаронашон гӯё коми ҳар дуяшонро ҳам бо суруду рақс бардоштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё