Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва ҷойҳои ҳамвор ба замин хобида, якпаҳлӯ ба пеш ҳаракат мекардам. Фельдшердухтар гавак кашида, аз гиребони шинелам кашола мекард. Дертар дигар ҳолаташ намонд. Худи ман ҳам тавалло мекардам, ки дигар начунбонад. Чӣ шавам, розиам, мегуфтам. Ниҳоят ӯ «Набошад каме интизор бошед. Ман зуд ба медсанбат мераваму илоҷи тезтар бурдани шуморо ёфта меоям.
Хавотир нашавед, бемалол ором гирифта истоед, ман зуд бармегардам. Албатта, бармегардам» гуфт. Ҳамин тариқ, духтари бечора ғалтидаю хеста ба сӯи ҳамон баландии дар қафо буда давид. Ҳамин тариқ, ба баландӣ баромад... чизе гулӯгираш шудагӣ барин нимгурма гап зада, филик-филик гирья кард майор.

— ...Ҳамин тариқ... Ҳамин тариқ, ба наздикаш тири тӯпе афтида кафиду як маҳал нигоҳ кунам, дастонашро ба сари синааш пахш карда, як дод гуфту рӯ ба осмон, ба қафо афтид. Дигар хомӯш шуд, бечора.
То будани овозам дод задам, фарёд кардам... Дигар чӣ кор карда метавонистам? Дардам дучанд шуд. Гӯр бадбахтии ман шавад, духтари бечора, ки ҳанӯз аз ҳазор гулаш як гулаш нашукуфтааст... То шом чашмонамро аз ҷасади ӯ накандам. Дигар начунбид. Торик шуд, чашмам чизеро надид. Хунук ҳам аз ҳад гузаронд.
Ҳамин тариқ, бо як азобе гавак кашида, ба даруни ҳамин «меҳмонхонаи боҳашамат» даромадагиамро медонаму бас... Дина, субҳидам, як ҳаракат кардам, ки берун барояму ягон кас бинад. Аммо натавонистам. Ҳанӯз бегоҳ нашуда, маҷоли ҳаракат ҳам намонд. Ҳамин тариқ, ба тақдир тан дода, аз дунё тамоман умедамро канда будам. Ҳайрият, ки шумо омадед...

Дар чашмони калон-калони осмонрангаш алам, қаҳру ғазаб, кинаю адоват алангӣ гирифтанд.

— Мебахшетон, дӯстонам,— гуфт дандон соида.—
Ба падари фашистон лаънат, ҳамин тариқ, дастамро ҳам
сӯхтам,— қадаҳро ба замин монда гуфт.— Аз рӯзи аввали ҷанг ҳеҷ бало назада, дар айни ҷӯшу хурӯши муҳориба маҷрӯҳ шуда монданам алам мекунад... Душмани лаънатии саги девона барин ба ҳуҷум сар кард. Лекин мо, ки истеҳкоми сахт гирифта будем, тутӣ ҳасак
барин резондем. Боз ба мурданаш нигоҳ накарда, мӯрча барин зер мекунад, боз ба замин яксон мекунем. Боз,
боз... Ҳамин тариқ, чор-панҷ маротиба ҳуҷум карду
охир ҳасибаш халта шуда, ақибнишинӣ кард. Фурсат
поида, ба ҳуҷум гузаштем. Боз чӣ хел ҳуҷум? Ҳуҷуми
барқвор! Ҳамин тариқ, чунон боб кардем, ки сари калобаашро

пешина
аз 323
навбатӣ