Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
бардошту ҳузур кард магар, ки чашмонашро хумор намуда, табассум карда монд.
Старшина ва солдате дар дегчаҳо борщ ва гречка оварданд, алавро дуруст карда, дудро барҳам доданд.
Майори ношинос каме хӯрок хӯрду дегчаро аз пешаш дуртар тела дод.
— Ҳаминаш ҳам кифоя, — гуфт ва мундштуки зебое ро аз қисааш бароварда бӯй кард, — дӯсти наздики ман ҳамин шуд. Тамоку ҳанӯз дина тамом шуда буд. Лекин нимсӯхтаҳоро ҷамъ карда, як-ду бор кашидам. Ин ҳам адо шуд. Баъд маҷбур шудам, барои дафъи хумор худи ҳамин ҷонварро бӯй кунам. Каме бӯяш ба димоғам мерасаду андак ором мегирам.
— Марҳамат, рафиқ майор, мана ин сигаретро кашед, — як қуттии калони сигарети ғаниматиро ба пешаш гузоштам. Ӯ чунон хушҳол гашт, ки чашмонаш қариб аз косахонаашон баромада буданд. Як пачка тамокуи солдати худамонро ҳам наздаш гузоштам: — Мана инаш ватанӣ!
Хурсандии майор ҳад надошт. Чашмони мондаю бенуршудааш аз сигарет ба тамоку, аз тамоку ба сигарет медавиданд. Кадоми онҳо беҳтар бошад?
— Биё, ҳар чӣ бошад ҳам, аз тамокуи худамон кашам, кирону дафъи хумор шавад, — тамокуро қоғазпеч карда, ба мундштукаш гузошт ва баъди гирондан бо иштиҳои калон дам кашид, ки дилаш гум зада, чашмонаш беихтиёр пӯшида шудандгу ғарқи дарёи ҳузуру ҳаловат гардид.
— Хайр, ҳамаро монед, ки рафиқ майор, шумо чӣ тавр ба ин ҷо фаромадед? Наход ягон кас надида бошад? — пурсидам, аз андак ба худ омадани ӯ истифода бурда.
— Дӯстам, напурс, — оҳи пурдарде кашид майор. Барои чӣ бошад, лабҳои ба табассум моилаш пир-пир париданду ваҷоҳаташро ғаму андӯҳ фаро гирифт. Афсӯс хӯрдам, ки бо саволи бемавқеи худ ӯро озор додам.
— Дар муҳорибаи сахти пареррӯза якбора чандин самолёти душман бомбаборон кард. Чанд касро талаф додем. Худи ман ҳам аз гардану сар ярадор шудам. Дар гармогармиаш эътиборе надода, батальонро ба ҷанги дастбагиребон пеш бурдам. Дар ҳамин асно тире ба сонам расиду як поямро аз кор баровард. Фельдшердухтаре бо як азоб то ба ҳамин ҷо овард. Дар пастхамиҳо аз бағалам гирифт, ман бо як дастам милтиқ-ро асо карда, якто-якто қадам мезадам. Дар баландӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё