Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
тӯҳфаҳо мебарем. Як эшелон. Ҳо, ана вай поезди мо.
— Маълум мешавад, ки шумо танҳо нестед?
— Ҳа, якчанд нафар.
— Аз Ленинобод ҳам ҳастанд?
— Ҳа. Аз комбинати абрешими Ленинобод як зан ҳаст, аз деҳаи Исфисор як раиси колхоз. Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шоғадоев роҳбари мо. Ҳо, ана вай духтари машҳурам будку — Мамлакат Наҳангова, вай ҳам ҳаст, боз як Деҳотӣ ном муҳбири калон ҳамроҳи мо. Боз якчанд нафари дигар. Марҳамат, ба назди онҳо гирифта равам?
— Афсӯс, ки як ҳамроҳи худро кофта гаштаам, вагарна, албатта, мерафтам. Ҳамдиёронамро пазмон шудаам, — узрхоҳона гуфтам. — Ба ҳамаи вакилони Тоҷикистон аз номи ман салом гӯед. Махсусан, ба рафиқ Деҳотӣ. Фалон шиносатонро дидам, бисёр салом гуфт гӯед, илтимос. Кошки вақт мешуду медимам-а? — афсӯс хӯрдам.
Марди исфарагӣ ба сӯи поезд шитобид ва дере нагузашта баргашт.
— Онҳо гуфтанд, ки зуд ба ин ҷо гирифта биё, — тезтез нафас кашида аз дастам кашола кард марди исфарагӣ. — Рафтем, додарам, ҳама мунтазир. Агар наравед, худи Деҳотӣ неомадаанд. Рафиқ Шоғадоев ҳам маҷбур карда, гирифта биё, гуфтанд. Наравед, намешавад, укочон.
— Хайр, рафтем!
Поезди ҳамдиёрон дар роҳи чоруми истгоҳ қарор гирифта будааст. Дар роҳи назди перрон поезде ҳозиракаш омада истод. Мо аз тамбури ин поезд гузаштем ва мебоист аз ду роҳи дигари холӣ гузарем. Ҳангоми аз як рельси роҳ гузаштан паровози ҷобаҷокунандаи вагонҳо омада монд. Вай чор вагони пур аз борро аз ин сӯ ба он сӯ меронд, ки гузаштан хеле хавфнок буд. Аз ин рӯ, чанд дақиқа мунтазир истодем. Дар ин ҳангом аз дари вагони ҳукуматии поезди ҳамдиёрон дӯстам Абдусалом Деҳотӣ фаромада, бо чеҳраи хандон оғӯш кушода меитод. Роҳ кушода шуду ҳамдигарро ба оғӯш кашидем.
Кас дере аз кишвари худ дур бошаду нохост бо дӯсти худ рӯ ба рӯ ояд, хеле аҷиб мешудааст. Махсусан,
дар маҳалли дар гӯшаи хотир набуда. Ҳамдигарро сахт
ба оғӯш кашида, такрор ва такрор бӯсобӯс мекардему
сер намешудем. Абдусалом «Ин чӣ хел вохӯрии аҷиб а,
гӯё дар хоб ҳамдигарро дида бошем» — гӯён аз нав ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё