Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нав ба ҷӯш меомад. Одатан баъди бонги хатари ҳавоӣ аксар касон чун ҷӯҷаи очагумкарда дар ҷустуҷӯи ҳамдигар сарчархак мегаштанд, ҳамроҳи худро чег мезаданд. Ман ҳам дар ҷустуҷӯи ҳамсафари худ — офицери дигар ташвиш мекашидам. Шояд ӯ ҳам дар кофтанукови ман бошад. Афсӯс, ки одамони дар либоси ҳарбӣ бударо шинохтан душвор аст. Зеро аз як тараф ҳамаи онҳо қариб якхелаанд, аз тарафи дигар нисбатан бисёр. Охир маҷбур шудам, болои суфачае баромада ба мавҷи ҳаракати одамон чашм дӯзам. Қариб як соат чашмонам байни мардумро титу ғоз карданд. Ҳатто ба ҳамроҳам монандеро намедидам.

Нохост чашмам ба одами чакмани босмаю тоқии Исфара пӯшида афтод. Ҳайрон шудам, дилам кафтарак зад. Хобам ё бедор? Чашмонамро молидаю пӯшидаю кушода дурусттар нигоҳ кардам. Не, бедорам. Рухсораш гарм-гарм метобад, бояд ҳамдиёрам бошад. «Чӣ хел тақдир, кадом насиба ӯро ба ин ҷо овардааст?— аз дил мегузарондам.—Ба фронт дар ин либос намеоянд-ку? Ё ба савдогарӣ омада бошад? Не, не, ҳеҷ мумкин нест. Махсусан, ба шаҳрҳои наздики фронт... Бо ягон хизмати муҳим бояд омада бошад». Оре, дар ин гуна мавридҳо чӣ хаёлҳо намекунад кас.

Дидори ҳамдиёр гӯй болу пар бахшид ба ман. Ба сӯяш давидам, бо машаққати бисёр наздик расидаму фарёд кардам:
— Ҳой, амаки исфарагӣ!
Бо ғулгулаи мардум нашунид магар, ба сӯи дигар раҳсипор гашт. Аз издиҳоми мардум худро берун гирифта, аз пасаш давидам, боз фарёд кардам:
— Истед, ҳой, амаки исфарагӣ!

У ба қафояш нигариста, ҳайрон шуд.
— Ҳайрон нашавед, ман чег задам, — гуфтам нафасамро базӯр дошта, — салом! Гарчанд маро нашинохт, гарму ҷӯшон вохӯрӣ кард амаки исфарагӣ.
— Шумо аз куҷо пайдо шудед ба ин ҷо? — пурсидам, — Аз тоқиятон шинохтам, ки шумо исфарагӣ ҳастед. Ё не?
— Ҳа, ман исфарагӣ.
— Чӣ тавр ба ин ҷо омада мондед?
— Ба фронт равонем.
— Ба кадом фронт?
— Ба фронти Ленинград.
— Бо ҳамин либос?
— Ба ҷанг намеравем, барои ҷанговарони Ленинград

пешина
аз 323
навбатӣ