Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дигар аз назар гузаронид. — Мана, рафиқ лейтенант, марҳамат, тайёр. Боз зарур шавем, мо дар хизмати шумо.

— Раҳмати калон, дӯстам, — мӯзаро гирифта, ба ман рӯ овард лейтенант, — ин кас одами аҷоиб будаанд. Устон ҳамакора. Росташро гӯед, Акрамҷон, дар дунё кори намедонистагӣ ҳам доред ё не?

Акрамҷон чӣ гуфтанашро надониста, аввал табассум карду гуфт:

— Одамкуширо намедонам, рафиқ командир. Ҳама корро кардаму фақат ба ҳаминаш... Пашшаро ҳам озор додан намехоҳам.

— Дар фронт чӣ мешавад? — саволомез нигарист лейтенант. — Дар он ҷо фақат одам куштан лозим, яъне душманкушӣ. Душман шуморо куштанӣ шавад ҳам, шумо «Не, ман одам намекушам», гуфта мешинед?

— Хайр, дигарон душманкушӣ кунанд, ман хӯрокро дар вақташ расонам, шуд-дия. Бе шиками сер ҷангида намешавад-ку.

— Наход қассобе, ки даҳҳо гову гӯсола, бузу гӯсфандро сар задааст, ҳамин тавр тарсончак шавад? — гуфтам ҳазломез.

— Гап дар тарсончакӣ не, ҷӯраҷон.

— Дар чӣ набошад?

— Охир, дар байни одаму ҳайвон фарқ аз замин то осмон, ҷӯраҷон, — хандид Акрамҷон.

— Дар байни фашисту ҳайвон чӣ фарқ ҳаст? — пурсид лейтенант ва илова кард: — Ҳол он ки ҳайвон ҳам аз ҳайвон фарқ дорад. Е не-мӣ?

— Фарқ дораду... — нобоварона ҷавоб дод Акрамҷон, — онҳо ҳам падару модар, зану фарзанд дошта бошанд даркор. Наход ки ғами онҳоро нахӯранд?

— Фашист саги девона барин, рафиқи азиз, — гуфт лейтенант, — на фақат падару модар, зану фарзанд, балки ба тақдири ҳеҷ як мавҷудоти зинда кор надорад. Ҳоло вай маст, чашмашро хун зер кардааст. Одамро аз нахоида фурӯ додан ҳам намегардад.

— Чунон боб кунем, ки чашмашро мош барин кушода монад, — гуфтам ман.

Салими Садкора ба хашм омад, мушташро кумғон карду дандонҳояшро гаҷарросзанон гуфт:

— Мурдорҳо! Ин тавр бошад, хунашон ба гарданашон!

Пеш аз ҷанг мо бо Акрамҷон дар як колхоз, дар як деҳа зиндагӣ ва кор мекардем. Ӯ яке аз комсомолони

пешина
аз 323
навбатӣ