Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
наорад. Ба замми ин, «не»-ро намедонист. Кӣ кадом супоришро надиҳад, «ба ҷонам» гуфта, аз паи кор мешуд...
— Дар байнатон қассоб ёфт мешавад? — пурсид ҳанӯз дар рӯзи аввал старшина, ҳамаро ҷамъ карда.
— Ҳаст. Акрамҷон! — баробар номбар карданд сарбозон.
— Ошпаз чӣ?
— Акрамҷон! — боз гуфтанд дар ҷавоб.
— Нонпаз чӣ? — боз пурсид старшина.
— Акрамҷон!
Старшина бо завқ хандид ва ҳазломез гуфт:
— Ошхӯр чӣ?
— Акрамҷон! — бо ҳазл ҷавоб доданд.
Ҳамин тавр Салими Садкораи мо Акрамҷон таъмини ҷанговарони ротаро ба зимма гирифт. Хӯроки болаззати ӯ ҳамаро мамнун кард. Ӯро барои палавпазӣ ба ротаҳои дигар ҳам гирифта мерафтанд. Акрамҷон хӯроки ротаро мепухт ва тамоми чорпои барои таъминоти полк меомадаро мекушту саранҷом мекард.
Боре ӯро дар плащ-палаткае дидам, ки мӯзаеро ямоқ мекард ва ғурунг-ғурунг сурудеро ҳам замзама менамуд.
— Э, монда нашавед, ҳофиз! Касби нав муборак! — гуфтам аз паҳлӯяш ҷой гирифта истода.
— Ҳезум кафондаравон, табарро ба ботинка зада гирифтам, — гуфт Акрамҷон ба ботинкаи хеле калонаш ишора карду давом намуд: — Ана инро бинед, чунон «хушрӯй» чок кардаам, ки асло монед. Хайрият поямро бурида нагирифтаам. Бинед, боб карда дӯхтаам-а? Тамоман номаълум.
— Мӯзаро аз кӯҷо ёфтед?
— Ҳе, ин мӯзаи командир. Чокаш канда шуда будааст. Ҳаминро ҳам дӯхта диҳед, гуфт. Хайр, гуфтам, бечора хафа нашавад.
— Ин тавр бошад, тасмаи маро ҳам ямоқ карда медиҳед, — гуфтам ман, тасмаро аз миёнам кушода. — Ба кандашавӣ наздик расидааст, ҷонвар.
— Ба ҷонам, — гуфт Акрамҷон.
Лейтенанте омада, пурсид:
— Дӯстам, мӯзаро бегоҳ омада гирам мешавад?
— Чаро бегоҳ? Ҳозир тайёр мешавад, рафиқ командир, — ангуштони сергӯшту вале чақконашро тезтар ҳаракат кунонда гуфт Акрамҷон. — Ба дасти мо, ки фаромад, тамом шуд гуфтан гиред, — ӯ чоки дӯхтаашро бори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё