Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳаким Карим бояд бошад?

— Ҳа, ҳа, Каримов Ҳаким. Одами миёнакаду гандумранг. Хушгапу серханда, тез-тез тамоку мекашад. Зиндадил, доно. Равед, ки гули сӯҳбат. Даҳ дақиқа сӯҳбат кунед, аз наздаш рафта наметавонед.

— Ӯ нависандаи машҳур, журналист. Ӯро Чехови тоҷикон мегӯянд дар мо.

— Бале, меарзад. Командир, агитатор. Варақаи ҷангговарро ҳам худаш мебарорад. Нотарсиашро намегӯед? Лекин одами ҳазлкашу ҳазлбардор ҳам будааст.

Азбаски вақти бисёр надоштем, сӯҳбати мо бо лейтенант дер накашид. Ман мактубчае навишта, аз ӯ илтимос кардам, ки ба дӯстам Ҳаким-ака супорад.

Тақрибан баъд аз як ҳафта мактубе гирифтам, ки мазмуни мухтасараш ин буд:

«Салом, укаҷон. Ба воситаи дӯстам Николай мактубча фиристонӣ, гирифтам. Рости гап, аз хурсандӣ қариб шодикафак шуда будам. Шунида будам, ки ту ҳам дар фронт. Аммо намедонистам, ки дар куҷой.

Ба ту гӯям, ки ман як боракак ярадори сабук ҳам шуда гирифтам. Аммо ба ҳавлӣ хабар надодам. Хавотир кардан чӣ лозим?

Аҳволи маро пурсидаӣ. Чӣ гӯям? Аҳвол нағз, маишат дуруст. Лекин вай сархавзи сояю салқини Сойча нест. Вай дар орзу. Саломат бошем, боз дар ҳамон ҷо сӯҳбати ҷамшедиро давом медиҳем.

Дар ин ҷо ҳамшаҳриҳо бисёранд. Ҳисобашро ёфта, ҳатто дар котелок палав ҳам пухтем.

Аз фаъолияти ҷангӣ ҳоҷати баён нест. Худат медонӣ, ки ман насиҳати Суворовро ҳеҷ аз хотир намебарорам. Ҳамеша ба пеш. Рости гап, одам дар майдони ҷанг бошад, қувваю иродаи нав пайдо мекардааст. Тарс гуфтагӣ гап нест.

Боз чӣ гӯям? Саломат бош, пеш рав, ғалаба кун, тезтар ба Ленинободи ҷаннатмаконамон баргардем. Бо саломи ҷанговари Ҳакими ту».

Мактуби дуюми дӯстамро баъди як ҳафта гирифтам. Мактуб хеле мухтасар ва саросемавор навишта шуда буд. Маълум мешавад, ки ӯ дар хандак навиштааст.

Конверти сегӯшаро кушодаму хондам:

«Укаҷон, Ҳоҷӣ, салом. Ман ҳаёт. Ба мурдан вақт надорам. Аз командирон чандин бор (шояд аз саркоман-дадеҳ бошад) раҳмат шунидам. Шояд мукофот ҳам ша-вад. Аз ҳамааш ҳам қиматаш барои ман ҳамин аст, ки ба як ҳисоб ман «доғи сиёҳ»-ро тамоман шуста, худро

пешина
аз 323
навбатӣ