Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
сафед кардам. Акнун ман одами бегубор, уқочон. Авлодам ҳам аз ҳиҷолат наҷот ёфт».
Ман бо зани ӯ Бонухон, писаронаш Диловару Ҷанговар дар атрофи дастурхони нозу неъмат нишаста, дӯсти худро ба хотир меоварем. Агар ӯ дар ҷангҳо барои Ватан ҳалок намегардид, бо гӯши худ мешунид, ки ҳеҷ гуна доғи сиёҳ надошт, фарзанди арзандаи халқи худ буд ва ҳамин тавр хоҳад монд.
ШАБЗИНДАДОРӢ
Поси шаб. Торикӣ ҷомаи ғафс пӯшида буд. Ғайр аз чир-чири ҳашарот, овози касе ва чизе ба гӯш намерасид. Шаҳр дар хоби ширин. Дар миёни шаҳр танҳо бинои на он қадар калонеро дидан мумкин буд, ки аз тирезаи вай шӯълаи нимранги чароғ ба назар менамуд. Ин соли 1943 буд. Дар идора мо ҳамагӣ ду нафар саҳифаҳоро хонда, мунтазири ахбороти Бюрои информационӣ будем.
Акрабаки соат ба сеи шаб дакка зада монд. Кошки, радиоузели мо наздиктар мебуд, ки ахборотро тезтар гӯрем, тарҷума кунем, чинонем ва саҳифаи якумро низ тезтар ба чоп супорем. Навбатдори шабона дар радиоузел, мо дар идора, саҳифабанд дар матбаа, ҳама маътали ахбороти шабона. Ҳоло масъалаи дигар калларо гиҷ мекард. Мебоист касеро ёбаму ба радиоузел фиристонем, ки навбатдорро аз он ҷо гирифта ояд. Посбони идора ҳам, ки мебоист ин вазифаро ба ҷо орад, бемор шуда рафта буд. Худи мо фурсати сар бардоштан надоштем.
Чӣ бояд кард? Бо ду асобағал беором рафтуо менамудам. Шахси дуюм Раҳмат Саидов буд, ки чанд соат пеш ба ёрии мо омада буд.
— Раҳматҷон-ако, чӣ мешавад, ки худатон то ними роҳ равед? — илтиҷомез гуфтам ба Саидов.
Ӯ коҳ-коҳ хандиду гуфт:
— Охир, ман аз сояи худам метарсам-у. Худи шумо набушед, дар худи ҳамин идора ҳам истода наметавонам. Одат-дня, ҷӯраҷон, одат...
Дар ин ҳангом дари идора бошиддат кушода шуда, навбатдор намоён гашт. Мо ҳайрон ва ҳавотир шудем.
— Худат омадӣ? — пурсидем баробар.
— Ҳа, худам омадам, — гуфт ӯ базӯр.
Вай як даста дастнависи радисткаро ба мо супурд.
— Натарсидӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё