Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
девонавор ҳуҷум мекунанд. Аммо бисёрашон бодрезак барин мерезанду боқимондаашон думро аз хода месо- занд.
Ҳар як аскари мо ҳисоби ҷории худро дорад. Ҳисоби душманкушии ман қариб ба бист расид. Боз ситоашро аз қатор набарорам, дар армон мемонам...»
«Бонуҳони азизам, — мехонем дар мактуби ба ҳамса- раш навишта, — аз ман хавотир нашаветон. Нағз медонед, ки ман муқобили душмани ашаддӣ ва зӯре меҷангам. Ман барои озодии Ватанам, барои бахту саодати ҳамаи шумо меҷангам. Агар барои озодии Ватан ҳалок гардам, шаҳиди ҳақиқӣ мешавам. Дар лавҳаи хотири халқам абадӣ нақш меёбам. Авлод-авлодам номи маро бо фахр вирди забон мекунад ва мегӯяд, ки Ҳакими мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона ҳалок гардид. Мероси бо- қигузоштаи ман барои авлодам ана ҳамин мешавад.»
«Бону, — навишта буд Ҳаким-ака бори дигар ба ҳам- сари бовафояш, — чашмат равшан шуд? (Яъне таваллуд кардӣ? — Ҳ. С.) Азизам, агар духтар таваллуд кунӣ, но- машро Дилором мон. Ба номи Диловари азизам ҳамовоз мешавад. Агар писар зой, номашро албатта, Ҷанговар мон. Зеро падараш, камина дар фронти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷои қалам милтиқ гирифта, қаҳрамонона ҷан- гида истодаам. Бигузор писари ман ҷанговар шаваду вале рӯи ҷангро набинад.
Ман дар хандақ андак ғанаб карда, Диловарҷонамро хоб дидам, ӯро бӯсидаам. Ҳар вақте ки бӯсӣ, аз номи ман ҳам бӯсида мон.
Бо саломи ҷанговари Ҳакими ту»,
Шаҳсан ман дар фронт аз Ҳаким-ака ҳамагӣ ду мак- туб гирифта будам. Фақат мазмуни мухтасари вайро манзури эътибори шумо карда метавонам. Воқеаи муко- тиба ҳам аҷиб шуда буд. Ман ба ошхонаи штаби армия- амон ба ноҳорӣ даромадам. Бо як офицери ношинос па- си як стол рӯ ба рӯ нишастем. Баъд аз таом ӯ ҳам аз кисааш ҳалтачаи тамоку баровард, ман ҳам. Вай тамо- куро тезтар печонду киса кофтаравон пурсид:
— Дӯстам, гӯгирд доред?
— «Катюша» ҳаст, — гуфтаму аз кисааш чақмокро баровардам. Ҳар ду аз тамоку лаззат бурда, ҳолу аҳволпурсии кардем.
— Шумо аз Тоҷикистон бошед, бисёр нағз, — гуфт ошнои навам. — Дар қисми мо, (наздики Ленинград) тоҷикҳо бисёранд. Махсусан, Каримов ном нависандаи тоҷик ҳаст, ки одами ниҳоят аҷиб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё