Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Каримзода, ба маънои томаш халқпарвару ватандӯст. Ба ояндаи дурахшон боварии комил дошт.
Вақте ки ӯ ходими газетаи шаҳрии «Пролетари Хуҷанд» буд, ба мухбирони бисёри коргару деҳқон таълим медод. Ман дар мавзӯи мӯҳтоҷи ёрӣ будани мухбирони қишлоқи Ева хабаре навишта, ба редаксия рафтам. Ҳаким-ака, ки ягона шиносам буд, маро бо чеҳраи хандон пешвоз гирифт.
— Ҳа, ман ҳам мехостам, ки дар ин колхози машҳур кружок ташкил кунем. Ин гуна мухбирон бисёранд? — пурсид ӯ хабарро хонда.
— Ҳа, бисёр. Масъалаи роҳбар чӣ мешавад?
— Уқоҷон, ҳамаашонро фардо бегоҳӣ дар маркази колхозатон — Сойча ҷамъ кун. Ман меравам. Шояд якбора кружоки адибон ташкил кунем. Яъне ҳам мухбирону ҳам адибон. Ин кори олиҷаноб мешавад.
Рӯзи дигар Ҳаким-ака дар вақташ омад. Ба деҳаи Сойча аз қишлоқи Ева ҳаваскорони бисёр ҷамъ омада буданд. Рӯзи аввал Ҳаким-ака бештар аз як соат сӯҳбат гузаронд ва ваъда дод, ки ҳафтае як маротиба омада машғулият хоҳад гузаронд. Ваъдахилофӣ накард. Дере нагузашта эълон кард, ки кружоки мухбирон ба кружоки адибон табдил дода мешавад. Машғулиятҳои аввалро худаш, баъдтар Муҳиддин Аминзода ва Файзулло Абдуллозода гузарониданд. Муаллими адабиёт Раҳматулло Абдуллозода давом дод. Кружок самараи нағз бахшид...
Ҳарчанд Ҳаким-акаро баъди чордаҳ моҳ аз ҳабс озод карданд, ин ҳодиса дар дили росту виҷдони поки ӯ чун доғи сиёҳе дар рӯи моҳ нақш ёфта буд. Шабу рӯз фикру зикраш ба шуста партофтани доғи сиёҳ банд буд. Инак, ӯ либоси граждании худро ба шинел иваз карду милтиқ ба даст гирифт.
— Сарлашкари бузург Суворов гуфта буд: — ҳамеша такрор мекард Ҳаким-ака, вақте ки гап дар бораи ҷангу ҷанговарӣ мерафт. — «Ба пешраванда як тир мерасад, ба қафораванда ду тир». Хоҳӣ, ки дар ҷанг ғолиб барой, ҳамеша ба пеш қадам мон, уқоҷон.
Ҳаким-ака ин гапҳои худро дар мактубҳои аз фронт фиристодааш ҳам такрор мекард.
«Ҳуҷуми душманро қаҳрамонона зада гардонда, ҳар соату ҳар дақиқа ҳазорони онҳоро ба замин яксон карда истодаем. Гитлерчиён ба талафоти бисёр нигоҳ накарда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё