Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Боз кадом доғи сиёҳ?

Биёед, пеш аз он ки ба сарфаҳми «доғи сиёҳ» равем, саҳифаҳоро хонем, ба чопаш имзо гузорем, бафурсатакак дар лаби дарёи Сир, ба тарафи қуллаҳои баланди кӯҳи Муғул нигариста, гузаштаро ба хотир оварем.

Дӯсти ман, устоди ман — Ҳаким-ака аз сари мизи корӣ дур нарафта, барои шумораи навбатии рӯзнома очерк таҳрир мекард. Вале барои чӣ бошад, ки тез-тез парешонҳол мегашту дар қаъри дилаш ким-чӣ хел ғаму ғуссаи номаълуме реша меронд. Ӯ худро тасаллӣ медоду ҳар чӣ шавад, аз бахт мегуфту боз қалам меронд. Вале қалам ҳам дар дасти ӯ меларзид, аз кадом як бадбахтие гӯё хабар медод.

Чӣ хел бадбахтие рӯй дода метавонад? Ӯ чӣ гуноҳ дорад? Чави киро хом даравидааст? Ростӣ гап, ҳоло вақти ҷустуҷӯи ҷавоби ин саволҳо нест. Охир, ҷӯраҳо, ҳамкасбу ҳамнишинҳои ӯ ҳам чӣ гуноҳ доштанд? Магар онҳо девори хазинаи давлатро рахна карданду муносиби паси панҷараи сиёҳ шуданд? Не, онҳо ҳам чун Ҳаким-ака, танҳо барои бахту саодати халқи худ хизмат кардандро медонистанду бас. Айби Ҳаким-ака ҳамин буд, ки нависанда ва журналисти боистеъдод буду халос. Хонандаи бешумор дошт, халқ ӯро дӯсташ медошт. Шояд ҳарифони нотавон ва бадбин ҳам дошт, ки истеъдоди фавқулоддаи ӯро дида наметавонистанд.

Пас, ҳавотирини ӯ ҳам бесабаб нест. Шояд имшаб ва ё шаби дигар дари ӯро низ кӯбанду бе саволу ҷавоб пеш андохта гирифта баранд...

Соати интизорӣ расиду дари хонаи ӯро ногаҳонӣ кӯфтанд.

— Каний, ба пеш даро!...

Бадбахтӣ болои бадбахтӣ шуду баъди бист рӯз зани ӯ Бонухонро ҳам ба ҳабс гирифтанд. Фарзанди аввалини онҳо Абдуҳалими якунимсола дар оғӯши модаркалонаш гирякунон монд. Ӯ бемор шуд, падару модар бехабаранд, ба касалхона фиристоданд, бехабаранд, вафот кард, бехабаранд. На фақат аз ин фоҷиа бехабар буданд, балки бештар аз як сол онҳо ба дидани рухсору шунидани овози ҳамдигар мушарраф нашуданд.

Ҳамин тариқ, чордаҳ моҳ Ҳаким-ака ва як солу понздаҳ рӯз Бонухони бегуноҳ бе ҳеҷ гуноҳ гули ҳаёти ҷавонии худро дар паси панҷараи тира пажмурда карданд.

Вале ин мусибати нангини дарахти орзую умеди Ҳаким-акаро ҳам карда натавонист. Ӯ марде буд поквичдон,

пешина
аз 323
навбатӣ